Сураи Сафф Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сафф Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сафф Ояти 4

اِنَّ اللّٰهَ يُحِبُّ الَّذِيۡنَ يُقَاتِلُوۡنَ فِىۡ سَبِيۡلِهٖ صَفًّا كَاَنَّهُمۡ بُنۡيَانٌ مَّرۡصُوۡصٌ ٤

Инналлоҳа юҳиббу-л-лазӣна юқотилуна фӣ сабӣлиҳӣ саффан ка аннаҳум бунйану-м марсус. 4.

4. Албатта, Аллоҳ касонеро дӯст медорад, ки дар роҳи Худо сафзада набард мекунанд, гӯё онҳо иморате ҳастанд муҳкаму бо якдигар часпида.

Худованди мутаъол ҳамеша мехоҳад, ки мардуми мусулмон бо ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ, ҳамдастӣ ва ҷамоъат ҳаёт ба сар баранд. Аз ин ҷиҳат тарғиб шудааст, ки дар намози ҷамоъат чун муъминҳо саф мекашанд, кифтҳояшон бо ҳамдигар бирасанд.

Хулоса, он муҷоҳидоне, ки дар роҳи Аллоҳ қитол намуда, рӯбарӯи душман чунон зич саф мекашанд, ки девори бинои муҳкамеро мемонанд, Аллоҳтаъоло ингуна ҷиҳодкунандагонро дӯст медорад.

Дар оятҳои қаблӣ зикри ҷиҳод гузашт, дар оятҳои зер баён мешавад, ки пайғамбарони гузашта мисли, Мӯсо (а), Исо (а) қавми худро бо ҷаҳду талоши беназир амр ба тавҳид намуданд ва дар ин роҳ аз тарафи қавми худ озору азияти бисёр медиданд. Инак, ояти зер хабари яке аз онҳост:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сафф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сафф Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сафф Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)