Тафсири Сураи Сафф – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сафф 61-ум сураи Қуръон буда дар Мадина нозил шуда, аз 14 оят иборат аст.
Дар ибтидои сура сухан аз он меравад, ки кулли мавҷудоти Замину осмонҳо Худованди якторо ба некӣ ёд мекунанд. Баъдан, Аллоҳтаъоло мардуми ваъдахилофро итоб намуда ҳушдор додааст, ки назди Аллоҳтаъоло ваъдахилофи бисёр кори нописанд аст. Худованд фазилати ҷиҳодро баён намуда ҳамчунин аз подоши арзандае, ки шахси дар роҳи Худо бо молуҷони худ ҷиҳод намуда дар охират ба даст меорад, хабар медиҳад. Ва таъкид мекунад, ки ин беҳтарин тиҷорат аст.
Чун мушрикон ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бисёр изо медоданд, Аллоҳтаъоло барои таскини Ҳабибаш (с) аз рӯзгори паёмбарони Худ ҳазрати Мӯсо (а) ва ҳазрати Исо (а) ва ҷабри бани Исроил бар мусалмонон ёдовар шудааст.
Сухани Худованд аст, ки золимтарин шахс он аст, ки ба Худо дурӯғ мебандад ва ҳақиқати Ӯро бо алфози даҳони бефарози худ мепушонад ва Аллоҳтаъоло ин гуна ситамгаронро ҳидоят намекунад.
Ба дигар масъалаҳои мавриди баррасӣ қарор гирифтаи, ин сура иншоаллоҳ, дар шарҳу эзоҳи он ошноӣ пайдо хоҳем кард.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сафф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «