Тафсири Сураи Сафф Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сафф Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
سَبَّحَ لِلّٰهِ مَا فِى السَّمٰوٰتِ وَمَا فِى الۡاَرۡضِۚ وَهُوَ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُ ١
Саббаҳа лиллаҳи ма фи-с-самавати ва ма фи-л арЗи ва Ҳува-л-Ъазӣзу-л-ҳакӣм. 1.
1. Ба покӣ ёд кард Аллоҳро он чӣ дар осмонҳаст ва ҳар он чӣ дар Замин аст ва Ӯст ғолибу боҳикмат.
Тибқи ҳадисҳо ва оятҳои Қуръони маҷид ба мо маълум мегардад, ки ҷумла мавҷудоти Замин ва осмонҳо бо услуби таъбири ба худ хос Аллоҳтаъолоро тасбеҳ мегӯяд, яъне Худовандро ба некӣ ёд мекунанд. Маънои тасбеҳ гуфтан ба покӣ ёд кардани Худованд аз ҷамиъи айбҳо ва шоҳидӣ додан ба мураббигиву ваҳдонияти Ӯ таъолост. Ҳамчунин дар давоми ояти мазкур зикри сифати зотӣ ва феълии Ӯ таъоло, ки Азизу Ҳаким омадааст, ки Худованд дар мулки Худ ғолибу тавоно ва дар санъати корҳои Худ бинобар иродаи Худ ва дар ҷо баҷогузоштани махлуқоти Худ боҳикмат аст. Вазъу ҳоли ягон чиз аз доираи ҳикмати Аллоҳтаъоло берун нахоҳад монд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сафф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «