Тафсири Сураи Мумтахана Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мумтаҳана Ояти 13
يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا لَا تَتَوَلَّوۡا قَوۡمًا غَضِبَ اللّٰهُ عَلَيۡهِمۡ قَدۡ يَــٮِٕـسُوۡا مِنَ الۡاٰخِرَةِ كَمَا يَــٮِٕـسَ الۡكُفَّارُ مِنۡ اَصۡحٰبِ الۡقُبُوۡرِ ١٣
Йа айюҳа-л-лазӣна аману ла татаваллав қавман ғаЗибаллоҳу ъалайҳим қад яису мина-л-ахирати кама яиса-л-куффару мин асҳаби-л-қубур. 13.
13. Эй ононе ки имон овардаед, бо гурӯҳе ки Аллоҳ бар онҳо ғазаб кардааст дӯсти макунед! Он гурӯҳ аз савоби охират ноумед шудаанд, ҳамчунон кофироне ки аз асҳоби гур ноумед шудаанд.
Зимни ояти мазкура Аллоҳтаъоло мефармояд, ки эй онҳое, ки ба Худои ягона ва Расули Ӯ (с), имон овардаед бо онҳое, ки кофир гаштаву душмани Худову Расулаш (с)-анд ва Худованд ба онҳо ғазаб кардааст, дӯстӣ накунед. Зеро ин тоифа аз савобу неъматҳои охират ноумеданд ва онҳо ба мисли он кофироне ҳастанд, ки ақидаи худро чунин изҳор мекунанд: “Баъди мурдан аз сари нав зиндашудан ва барои дӯстию душманӣ ҳисобу китобу ҷазову подош нест”. Онҳо ба дидор дар қиёмат боварӣ надоранд. Вақто ки кадоме аз дӯстонашон бимирад мегӯянд, ки ин охирин дидори мост… Онҳо ҳамчунон аз Ҷаннату Дӯзах низ мункиранд. Муъмин набояд бо шахси чунин ақидадошта дӯстӣ намояд.
Поёни сураи “Мумтаҳина” ва лиллаҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мумтаҳана «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «