Сураи Саҷда Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сачда Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Саҷда Ояти 13

وَ لَوۡ شِئۡنَا لَاٰتَيۡنَا كُلَّ نَفۡسٍ هُدٰٮهَا وَلٰـكِنۡ حَقَّ الۡقَوۡلُ مِنِّىۡ لَاَمۡلَئَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ الۡجِنَّةِ وَالنَّاسِ اَجۡمَعِيۡنَ‏ ١٣

Ва лав шиъна ла атайна кулла нафсин ҳудаҳа ва лакин ҳаққа-л-Қавлу миннӣ ла амлаанна Ҷаҳаннама мина-л ҷиннати ва-н-наси аҷмаъӣн. 13.

13. Ва агар мехостем, албатта, ба ҳар шахс ҳидояташро арзонӣ медоштем, валекин аз ҷониби Ман ваъда собит шудааст, ки ҳаройина, Дӯзахро аз ҷинон ва одамиён ҳама як ҷо пур кунам.

Эҳтимол савол шавад, ки оё Худованд тавоноии онро надорад, ки дар Қалби ҳама мушрикон нури имонро андозад? Дар посух метавон гуфт, ки албатта, дорад! Аммо ҳикмати офариниш чунин аст, ки Худованд ҳеҷ касро ба имон овардан ё кофир шудан маҷбур насохтааст. Ҳамчунин метавон гуфт, ки бо таваҷҷуҳ аз садҳо оятҳои Қуръонӣ маълум мешавад, ки Худованд инсонро як махлуқи мукаллаф (таклифшуда) ва дар баробари амалҳои хеш масъул офарид. Бо воситаи пайғамбарон роҳи рост (роҳи саъодат)-ро ба ӯ нишон дод ва аз оқибати амалҳои бад ӯро огоҳ кард. Инсонро Қобили ҳидоят ва соҳибихтиёр офарид. Инсон метавонад роҳи саъодатро ё роҳи шақоват (бад)-ро интихоб кунад.

Хулоса, Худованд дар мазмуни ин оят гуфтааст, ки агар Мо мехостем ва чунин Қудратро ҳам дорем, дар дунё тамоми мардумро ба тавре ҳидоят менамудем, ки дигар касе аз онҳо кофир намешуд. Локин Мо онҳоро дар интихоби ақида ва амал озод гузоридем ва гуфтем, ки ҳой мардум хушёр бошед, ки мо аз ҷинҳо ва инсонҳои бе имону гунаҳгор Дӯзахро пур хоҳем кард!! Дигар ин, ки Худованд бо илми азалии Худ донистааст, ки ин дӯзахиён бо ирода ва ихтиёри худ роҳи инкору саркаширо дар пеш мегиранд ва аз аҳли бадкорон мегарданд. Вақто ки инсон озод аст ва роҳи бадро тай мекунад, албатта, таҳти муҷозоти Парвардигор Қарор мегирад. Мақоми банда он аст, ки ба оятҳои раҳмати Парвардигор имон орад, локин набояд мағрур шаваду худро афвшуда ҳисобад. Агар худро афвшуда ҳисобад, аз ғазаби Парвардигор низ бояд андеша кунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Саҷда Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Саҷда Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)