Тафсири Сураи Сачда Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Саҷда Ояти 16
تَتَجَافٰى جُنُوۡبُهُمۡ عَنِ الۡمَضَاجِعِ يَدۡعُوۡنَ رَبَّهُمۡ خَوۡفًا وَّطَمَعًا وَّمِمَّا رَزَقۡنٰهُمۡ يُنۡفِقُوۡنَ ١٦
Татаҷафа ҷунубуҳум ъани-л-маЗаҷиъи ядъуна Раббаҳум хавфа-в ва тамаъа-в ва мим ма разақнаҳум юнфиқун. 16.
16. Паҳлуҳои онҳо аз бистари хоб дур мемонад, Парвардигори худро бо тарс ва умедворӣ мехонанд ва аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, харҷ мекунанд.
Шахсоне, ки ба оятҳои Худованд имон овардаанд, бандаҳои хушбахти Худованданд. Ҳоло, дар ин оят сифатҳои онҳо чунин баён шудааст, ки онҳо касонеанд, ки паҳлуҳояшон аз бистарҳои хоб ҷудо мегардад. Онҳо то субҳудам хоб намекунанд. Балки аз ҷойгаҳи гарму бистари нарми худ ҷудо шуда мехезанду ғусл, ё таҳорат мекунанд, бедорхобӣю шабзиндадорӣ карда, ба ибодат машғул мешаванд, намози таҳаҷҷуд мехонанд. Ана онҳо бандагони муъминанд, ки аз рӯйи бими азоби Парвардигор ва аз рӯйи умед аз раҳмати Ӯ доимо дар дуъо мешванд. Дигар сифати онҳо ин аст, ки аз он чи Худованд ба онҳо рӯзӣ додааст, хоҳ закоти фарзӣ бошад, ё садақаи нафлӣ, ба фуқаро садақа медиҳанд. Оре! Ними шаб хестану намози таҳаҷҷуд хондан, бисёр фазилати хуб дорад. Пайғамбар (с) ин амалро мекарданд ва уммати худро ба таҳаҷҷуд хондан тарғиб менамуданд. Дар ҳадиси шариф, бо ривояти Маъоз ибни Ҷабал (р) омадааст, ки Расуллоҳ (с) ба вай фармуданд: «Агар бихоҳӣ, туро аз дарҳои хайр огоҳ гардонам, бидон, ки дарҳои хайр се чиз аст:
1-ум Рӯза сипараст (аз олудагиҳои шаҳват)
2-юм Садақа гуноҳро нобуд мекунад.
3-юм Дар дили шаб барои намоз, бапо хестани шахс ин изҳори наёз аст».
Бо ривояти Асмоа бинти Язид (р), дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин фармуданд.
«Замоне ки Худованд аввалину охиринро гирд меоварад, нидокунандае меояд бо садое, ки ҳама халоиқ онро мушунаванд, ҷор зада мегӯяд: «Имрӯз аҳли маҳшар хоҳанд донист, ки чӣ касе ба гиромидошт сазовортар аст». Сипас, боз мегардад ва нидо мекунад: «Касоне, ки паҳлуҳояшон аз бистарҳо ҷудо мешуд, ба по хезанд!» Онҳо (дар ҳоле ки андаканд) ба по мехезанд. Он гоҳ боз мегардад ва нидо медиҳад: «Касоне, ки Худои азза ва ҷалларо дар ҳама ҳол (дар хушӣ ва дар нохушӣ) ситоиш мегуфтанд (ба по хезанд)», пас (дар ҳоле, ки онҳо ҷамъи андаканд) ба по мехезанд. Онгоҳ ҳамаи онҳоро ба сӯйи Биҳишт равона месозанд. Сипас боқимонади мардум мавриди ҳисобу китоб Қарор мегиранд».
Бо ривояти Имом ибни Ҳанбал (р) аз Муъоз Ибни Ҷабал (р) дар ҳадиси шариф низ омадааст: «Рӯзе ҳамроҳи Расуллулоҳ (с) ба сафар баромадем, вақто ки ба Ӯ (с) наздик шудам, пурсидам: Ай Пайғамбари Худо, иҷрои амалҳоеро, ки сабаби ба Ҷаннат дохил шудан ва аз Дузах дур кардани ман шаванд, ба ман биёмӯз!» Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Дар ҳақиқат аз чизҳои бузург савол кардед! Аммо Худованд барои касе осон кунад, осон аст». Сипас, сухани худро идома дода гуфтанд: «Худоро ибодат кун ва ҳеҷ чизеро барои Ӯ шарик маёр. Намозҳоро бо пуррагӣ адо кун! Закоти моли худро деҳ! Моҳи шарифи Рамазонро рӯза дор! Байтуллоҳро зиёрат кун!»
Дар ояти зер мукофоти шахсоне, ки дорои чунин сифатанд, зикр шудааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «