Сураи Саҷда Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сачда Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Саҷда Ояти 17

فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٌ مَّاۤ اُخۡفِىَ لَهُمۡ مِّنۡ قُرَّةِ اَعۡيُنٍ‌ۚ جَزَآءًۢ بِمَا كَانُوۡا يَعۡمَلُوۡنَ ١٧

Фа ла таъламу нафсум ма ухфия лаҳум-м мин Қуррати аъюнин ҷазаан би ма кану яъмалун. 17.

17. Пас, ҳеҷ нафс намедонад: чӣ чиз аз равшании чашм дар подоши он чӣ мекарданд, барои онҳо пинҳон дошта шудааст.

Ояти мазкур подоши муъминони ростинеро, ки сифаташон дар ду ояти Қаблӣ гузашт, чунин баён намуда аст, ки инсоне, ки дар дунё амалҳои солеҳро анҷом диҳад, ба ӯ албатта, савоб дода мешавад. Локин он подошҳои муҳимме, ки дар Қиёмат мояи равшании чашмҳои онҳо мегардад, пинҳон карда шудааст, то ҳоло ҳеҷ кас намедонад. Оре! Подошҳои бузурге, ки дар ивази амалҳои солеҳ дода мешаванд, сирре ҳастанд, ки дар Қиёмат маълум мешаванд. Зимни ояти мазкур Имом Бухорӣ ҳадиси Қудсиеро аз Абуҳурайра (р) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтанд: «Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки ман барои бандагони солеҳам чунон неъматҳоеро омода кардам, ки на чашми касе дида ва на гӯши касе шунида, ва на дар хотиру хаёли касе гузаштааст». Сипас ояти мазкурро тиловат карданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Саҷда Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Саҷда Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)