Се роҳи осони азёд кардани шеър

0

Барои донистани шеър сараввал ҳар кас бояд майли шеърхонӣ ва шеъразхудкунӣ дошта бошад. Ҳеҷ кореро, ки дил намехоҳад, маҷбурӣ бо як ҷаззобият амалӣ намешавад. Барои ин завқи бевосита лозим, то дар дилхоҳ кор муваффақ шавед. 

Шумо шеъри чанд байта аз худ карданиед? Ҳаҷми шеър дар азёдкунии он нақши муҳим дорад. Агар шеър дароз бошад, он гоҳ Шумо як бор мутолиа карда  дилбазан мешавед. Роҳи аз ҳама осони аз худ намудани шеърҳои дарозро муҳаққиқон дар он медонанд, ки Шумо онро ба қисмат ҷудо намуда, қисм-қисм аз худ кунед. Он гоҳ Шумо дилбазан намешавед ва шеърҳои дарозро дар муддати кӯтоҳ аз худ менамоед.

Шеърро одатан дар вақти ором будани майнаи сар аз худ менамоянд. Баъзеҳо миёни мардум шеър аз худ мекунанд вале баъди ду рӯз фаромӯш кардаанд. Барои муддати дароз дар хотир мондани шеър муҳити ором ва майнаи тоза зарур асту буррову ифоданок чандин маротиба такрор намудани байтҳои он. Ин имкониятҳоро истифода бурда, хубтар шеър аз худ мекунед.

Як қисмати одамон шеърро фикронӣ аз худ менамоянд. Як байти шеърро такрор ба такрор талаффуз мекунанду бо чашмони пӯшида онро якчанд маротибаи дигар такрор мекунанд. Қисмати дигари одамон бе ягон имову ишорати даҳон шеърро ба дилашон аз худ менамоянд. Ин хуб аст, чунки онҳо дар ин амал одат ҳам кардаанд ва ба дигар шахсони дар назди ӯ ҳузурдошта халал намерасонанд. Лекин агар бо чашмони кушода ва бо овози баланд шеърро дар муҳити ором чандин маротиба хонед, зуд дар хотираи Шумо ҷой мегирад.

Агар ягон роҳи дигари азёд кардани шеърро донед,  пас дар шарҳ нависед, то дигарон ҳам бохабар шаванд.

174 калима дар 4 мисраъ

Мақолаи қаблӣ10 хакер, ки дунё аз онҳо ҳарос дорад
Мақолаи баъдӣИнсонро бояд аз афсурдагӣ берун кашид!

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед