Сураи Шуъаро Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шуъаро Ояти 14

وَلَهُمۡ عَلَىَّ ذَنۡۢبٌ فَاَخَافُ اَنۡ يَّقۡتُلُوۡنِ‌ۚ ١٤

Ва лаҳум ъалайя занбун фа ахофу ан яқтулун. 14.

14. Ва қавми Фиръавнро бар ман гуноҳест, пас, метарсам, ки маро бикушанд».

Чун аз тарафи Парвардигор ба Мӯсо (а) амр шуд, ки барои насиҳати қавме, ки дар дили онҳо тақво (тарс аз Худо) нест, бирав, Мӯсо (а) бо камоли тазаррӯъ (бо сархамӣ ҳоҷат хостан) назди Худованд узри худро, ки аз се чиз иборат буд, арза дошта гуфт, ки ай Парвардигори ман, чун назди қавми ситамгор меравам, пеш аз он ки рисолатамро битавонам ба охир бирасонам, бим аз он дорам, ки маро дурӯғгӯй меҳисобанд, вақто ки маро дурӯгғӯй ҳисобиданду ман натавонам, ки вазифаи худро иҷро кунам, дилам аз андӯҳ бисёр танг мешавад. Ҳоло бошад, дар забони ман уқда (гиреҳ) аст, ба қадри кофӣ сухан гуфта наметавонам. Метарсам, ки даъвати Туро расонида наметавонам. Сипас, Мӯсо (а) аз Парвардигори худ ёрӣ хоста гуфт, ки Парвардигоро, барои ёрии ман бародарам Ҳорунро дараҷаи пайғамбарӣ деҳ ва ӯро ҳамроҳи ман фирист, то ӯ низ маъмури адои вазифа шавад ва то битавонем ҳамроҳи ӯ ин фармони бузургро ба анҷом расонем. Баъдан, Мӯcо (а) узри севумро назди Худованд арза дошта гуфт, ки Парвардигоро, ту Худ медонӣ, ки ман яке аз ин фиръавниёни ситамгорро, ҳангоме ки бо яке аз мардони Исроили даргир буд, бо як зарби худ, нохост ба ҳалокат расонидам, онҳо барои ман ҷазое муъайян кардаанд. Пеш аз он ки фармони Туро ба онҳо бирасонам, ба муҷарради рӯ ба рӯ шудан метарсам, ки маро ба қатл расонанд ва мақсад ҳосил нашавад.

Хулоса, чуноне ки дар ояти 25-ум то ояти 34-уми сураи «Тоҳо» гузашт, Худованд ҳама дархости содиқонаи Мӯсо (а)-ро қабул фармуд.

Оятҳои зер гуфтугӯи байни Парвардигору Мӯсо (а)-ро идома медиҳанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шуъаро Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шуъаро Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)