Сураи Шуъаро Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шуъаро Ояти 17

اَنۡ اَرۡسِلۡ مَعَنَا بَنِىۡۤ اِسۡرَآءِيۡلَ ١٧

Ан арсил маъана бани Исроӣл. 17.

17. Бо ин пайғом, ки бани Исроилро ҳамроҳи мо фрист!».

Чун Мӯсо (а) узри худро пеши Парвардигор гуфт, дар посух Худованд фармуд, ки эй Мӯсо, кор, чуноне ки ту мегӯӣ ин хел нест, ту комилан ба Парвардигори худ таваккал кун, аз онҳо натарс, мутмаин бошу дилтанг машав. Онҳо ба ту зараре расонида наметавонанд ва уқда (гиреҳ)-е, ки дар забони ту ҳаст, боқӣ намемонад, акнун ту бо фасохат метавонӣ сухан гӯйи. Барои бародарат Ҳорун дуъо кардӣ, дуъои туро қабул фармудем ва ба ӯ низ амр намудем, то ҳамроҳи ту бошад. Ҳоло барои шумо муъҷизаҳои ошкор медиҳем, ҳардуи шумо ба назди он қавми золиму ситамгор биравед, ман аз шумо дур нестам, ҷараёни кори шумо бар ман махфӣ намемонад. Мо бо шумо ҳастем, шумо бо онҳо чӣ гӯед ва онҳо дар посух ба шумо чӣ мегӯянд, ҳамаро мешунавем. Ҳамин ки ба назди онҳо расидед, ба онҳо гӯед, ки бе шакку шубҳа мо Пайғамбару фиристодаи Парвардигори оламиён ҳастем. Мақсади мо аз ошкор кардани муъҷизаҳо, ин аст ки мутаассир шавед имон биёваред ва бани Исроилро аз ҳад зиёд зулм накунед. Агар дар Миср будани онҳо барои шумо лозим набошад, онҳоро аз зери юғи бардагии худ раҳо кунед ва бо мо фиристед, то онҳо аз Миср берун раванд. Чун Фиръавн ин суханҳоро аз ин пайғамбарони Аллоҳ шунид, забони таъна кушода ба онҳо…


Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шуъаро Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шуъаро Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)