Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 224 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шуъаро Ояти 224
وَالشُّعَرَآءُ يَتَّبِعُهُمُ الۡغَاوٗنَؕ ٢٢٤
Ва-ш-шуъароу яттабиъуҳуму-л-ғавун. 224.
224. Ва шоирон (касонеанд, ки) ба онҳо гумроҳон пайравӣ мекунанд.
Ояти мазкур посух ба туҳматҳои куффор аст, ки Пайғамбар (с)-ро туҳматҳо зада ӯ (с)-ро шоъир мепиндоштанд. Чуноне ки дар ояти 5-уми сураи «Анбиё» омадааст, мушрикон дар шаъни Расулаллоҳ (с) гуфтанд, ки ӯ (с) шоир аст. Дар сураи «Соффот», ояти 36-ум омадааст, мушрикон ӯ (с)-ро шоъир, коҳин, девона меҳисобиданд ва бо ҳам мегуфтанд, ки оё мо худоёни худро ба хотири як шоъири девона тарк кунем? Ва ғайра. Ояти мазкур роҳу рафтори пайғамбариро аз роҳу расми шоъирӣ ҷудо карда, эзоҳ додааст. Ғолибан шоъирони бе ақида, бахусус шоъироне, ки дар замони нузули Қуръон дар сарзаминҳои Ҳиҷоз (Арабистон) мезистанд, чуноне ки аз мазмуни шеърҳояшон маълум аст, дарборӣ будаанд ё дар бораи хушнудӣ ва мадҳӣ касон ё дар бораи зулфу холи ёр, гулу чаман, айшу нӯш шеър мегуфтанд ё касеро аз андоза зиёд мадҳ, ё касеро аз ҳад зиёд мазаммат мекарданд. Аксаран шахсоне, ки ба онҳо пайравӣ мекарданд, ё мисли худашон буданд ва ё гумроҳ буданд. Оё оятҳои Қуръони карим ба шеър ва Муҳаммад (с) ба шахси шоъир монанд аст? Ҳаргиз не! Дар «Муснад»-и Имом Аҳмад, ҳадисе бо ривояти Қутайба ва дар охир аз Абӯ Саъид (р) ривоят шудааст, ки он кас фармуданд: «Дар асное ки мо ҳамроҳи Расулаллоҳ (с) дар водие бо номи Арҷ роҳ мерафтем, ба ногоҳ шоъире ба мо ҳамроҳ ва ба шеър хондан машғул шуд. Расулаллоҳ (с) фармуданд: Пеши роҳи ин шоъирро бигиред! Ба ростӣ, агар даруни яке аз шумо аз чирку зардоб пур шавад, барояш беҳтараст, ки аз шеър пур шавад». Имом Шофеъӣ ин ҳадисро бар шеърҳои фаҳш, ҳаҷв ва ҳазл эзоҳ додаанд. Хабари аҳволи шоъирони ҳарзагӯ дар ояти зер идома дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «