Сураи Шуъаро Ояти 225 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 225 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шуъаро Ояти 225

اَلَمۡ تَرَ اَنَّهُمۡ فِىۡ كُلِّ وَادٍ يَّهِيۡمُوۡنَۙ ٢٢٥

Алам тара аннаҳум фӣ кулли вади-н яҳӣмун. 225.

225. Оё надиди ки дар ҳар водие онҳо саргардон шаванд,

Сипас, Худованд дар ин оят изофа карда, аз аҳволи шоъирони тамаъхӯр хабар додааст, ки эй мухотаб, оё надидӣ, ки чунин шоъирон бо пиндори хеш дар ҳар фанне аз фанҳои лағву дурӯғ саргардонанд. Гоҳо фикри қофиябандӣ доранд, гоҳо касеро ҳаҷв мекунанд, гоҳо пардаи касеро медаронанд, гоҳо чун булҳавасон ба ситоиши шароб, зино машғуланд, гоҳо дар бораи бӯсу канори занҳои покдомани бегона фикру хаёл меронанд.

Хулоса, дар водиҳои хаёлу суханҳои фасод саргардонанд. Эй мушрикон! Чӣ гуна Муҳаммад (с) шоъир аст, ки на дар ахлоқ, на дар рафтор ва на дар суханронии худ ба шоъироне, ки ҳоло дар байни шумоанд, шабоҳате надорад? Пас, чӣ гуна Қуръон шеъру Муҳаммад (с) шоъир будааст?


Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шуъаро Ояти 224 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шуъаро Ояти 226 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)