Сураи Шӯро Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 13

۞ شَرَعَ لَـكُمۡ مِّنَ الدِّيۡنِ مَا وَصّٰى بِهٖ نُوۡحًا وَّالَّذِىۡۤ اَوۡحَيۡنَاۤ اِلَيۡكَ وَمَا وَصَّيۡنَا بِهٖۤ اِبۡرٰهِيۡمَ وَمُوۡسٰى وَعِيۡسٰٓى اَنۡ اَقِيۡمُوا الدِّيۡنَ وَ لَا تَتَفَرَّقُوۡا فِيۡهِ‌ؕ كَبُـرَ عَلَى الۡمُشۡرِكِيۡنَ مَا تَدۡعُوۡهُمۡ اِلَيۡهِ‌ ؕ اَللّٰهُ يَجۡتَبِىۡۤ اِلَيۡهِ مَنۡ يَّشَآءُ وَيَهۡدِىۡۤ اِلَيۡهِ مَنۡ يُّنِيۡبُ ١٣

۞ Шараъа лакум-м мина-д дӣни ма васса биҳӣ Нуҳа-в ва-л-лази авҳайна илайка ва ма вассайна биҳи Иброҳӣма ва Муса ва Ъӣса ан ақӣму-д-дӣна ва ла татафаррақу фӣҳ. Кабура ъала-л мушрикӣна ма тадъуҳум илайҳ. Аллоҳу яҷтаби илайҳи ма-й яшау ва яҳди илайҳи ма-й юнӣб. 13.

13. Аз дин, он чиро ки ба он Нӯҳро васият карда буд, барои шумо муқаррар намуд. Ва он чиро ба сӯи ту ваҳй фиристодем ва он чӣ ба он Иброҳим ва Мӯсо ва Исоро васият кардем, ин аст, ки динро барпо доред ва дар он ихтилоф маяндозед. Он чӣ мушриконро ба сӯи он даъват мекунӣ, бар онҳо гарон аст. Аллоҳ ба сӯйи Худ ҳар киро хоҳад, ба пайғамбари бармегузинад ва ҳар кас ки руҷӯъ мекунад, ба сӯйи Худ роҳ менамояд.

Зимни ояти мазкур Аллоҳ таъоло мефармояд, ки барои шумо, ай муъминон, як шариати муносибу дини поку мувофиқро, ки ба табиъати ҳар инсон ҳамеша рост меояд, муқаррар намуда фиристодем. Ҳамчунин бар пайғамбарони гузашта, хусусан бар машҳуртарини онҳо Нӯҳ (а) ин роҳу равишро васият карда будем. Он аслу асосеро, ки Аллоҳи таъоло бар Муҳаммад (с) ҳамчу шариъат фиристодааст, бар пайғамбарони улулазм ҳам, чун Иброҳим, Мӯсо, Исо (алайҳимус-салом) ҳамин аслу асос васият шудааст. Он ин аст, ки барпо доред динро ва дар аслҳои дин, (ки баъдтар зикр мешаванд) мисли мушрикон ихтилоф маяндозед!

Дар ин боб Ас-Совӣ менависанд: «Баъди ҳазрати Одам (а) хосса зикр шудани ин панҷ нафар пайғамбарон ба хотири он аст, ки ин зумра пайғамбарон бузургу улулазманд, яъне ҳар яке дорои шариъати хоси худ мебошанд, локин асли динашон як аст, ки он яктопарастист. Яъне чун ба пайғамбаре шариъати наве нозил мегардад, пайғамбароне, ки баъди ӯ фиристода мешуданд, вазифаашон аз таъкиду тарғиби шариъати пайғамбари Қаблӣ иборат буд. Он шариъат бо таблиғи анбиёи баъдӣ (алайҳимуссалом) ривоҷу равнақ меёфт. Аммо дар масъалаи шариъати Пайғамбари охируззамон Муҳаммад (с) бояд чунин фаҳмид, ки чун баъди ӯ (с) дигар пайғамбаре намеояд, вазифаи тарғибу Қавӣ гардонидани шариъати ӯ (с) ва доимо нигоҳ доштани он бар дӯши олимони уммати ӯ (с) вогузор шудааст.»

Хулоса силсилаи шариъатҳо бо рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) хотима ёфт. Аз ин гуфтаҳо маълум аст, ки шариъати ҳазрати Муҳаммад (с), ки мо хушбахтона, уммати ӯ (с) ҳастем, дар шакли такмилёфта ва фишурдаи тамоми шариъатҳои пайғамбарони пешин буда, беҳтарин ва олитарин шариъати охируззамон аст. Аллоҳ таъоло мефармояд, ки васият фармудем мардумро, ки барпо доранд дини ҳақро, ки он дини Ислом аст. Зеро он ҷамиъи он чӣ, ки асли эътиқодоту асли ҳукмҳои шариъати илоҳист, дар худ ҷамъ намудааст. Умдатарини асосҳои шариъате, ки назди Аллоҳ таъоло мақбул аст, Аллоҳро ягона донистан ва тоъатро холис барои Ӯ ба ҷо овардан ва имон ба ҷамиъи китобҳо ва ба ҷамиъи пайғамбарон овардан ва инчунин ба омадани рӯзи Қиёмату ҷазои он ва инчунин дар он аслҳое, ки шариъат дар ҳақ ва дуруст будани онҳо ихтилоф надорад, мисли тавҳид (яктопарастӣ), салот (намоз), савм (рӯза), закот, ҳаҷ ва ғайра ихтилоф накардан аст.

Дар ҳақиқат, онҳое, ки мушрику аҳли куфранд, агар онҳоро ба сӯйи тавҳиду ибодати Аллоҳи ягонаи Воҳиди Қаҳҳор даъват карда шавад, бар онҳо бисёр гарон меояду норизогии худро ошкор месозанд. Аммо Аллоҳ таъоло ба сӯйи имону тавҳид рафтани касеро хоҳад, ӯро аз байни бандагони Худ ихтиёр мекунаду аз ҳар гуна олоишҳо тоза мегардонад. Инчунин шахсеро, ки ба сӯйи Аллоҳ таъоло бо тоъату ибодат руҷӯъ мекунад, ба дини ҳақ ҳидояташ мекунад ва ба раҳмату икроми Худ наздику муваффақаш месозад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шӯро Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)