Сураи Шӯро Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 14

وَمَا تَفَرَّقُوۡۤا اِلَّا مِنۡۢ بَعۡدِ مَا جَآءَهُمُ الۡعِلۡمُ بَغۡيًاۢ بَيۡنَهُمۡ‌ؕ وَلَوۡلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتۡ مِنۡ رَّبِّكَ اِلٰٓى اَجَلٍ مُّسَمًّى لَّقُضِىَ بَيۡنَهُمۡ‌ؕ وَ اِنَّ الَّذِيۡنَ اُوۡرِثُوا الۡكِتٰبَ مِنۡۢ بَعۡدِهِمۡ لَفِىۡ شَكٍّ مِّنۡهُ مُرِيۡبٍ ١٤

Ва ма тафаррақу илла мин баъди ма ҷааҳуму-л-ъилму бағян байнаҳум. Ва лав ла калиматун сабақат ми-р Раббика ила аҷали-м мусамма-л ла ҚуЗия байнаҳум. Ва инна-л-лазӣна урису-л-китаба мин баъдиҳим лафӣ шакки-м минҳу мурӣб. 14.

14. Ва умматҳо аз рӯйи ҳасад дар миёни худ ихтилоф накарданд, магар баъд аз он, ки ба онҳо илм омад. Ва агар собиқан сухани содиршуда аз Парвардигори ту, то вақте набудӣ, ки то замони муайян муҳлат дода шаванд, албатта, миёни онҳо бо азоб файсала карда мешуд. Ва албатта, онон (мушрикон)-е ки баъд аз онҳо вориси Китоби Худо шудаанд, аз он дин дар шакку шубҳа афтодаанд.

Чун Аллоҳ таъоло дар боби усули дин муъминонро ба иҷтимоъ амр намуду дар аслу асосҳои дин аз ихтилоф манъашон фармуд, боз огоҳашон сохт, ки ба дини хеш мағрур нашаванду кибр наварзанд. Зеро дар байни аҳли китоб мисли яҳуду насоро Қаблан тафриқа вуҷуд надошт ва чун китоби осмонӣ ба онҳо нозил гардиду онҳоро ба муттаҳидӣ амр намуд ва аз тафриқасозӣ манъашон кард, мутаассифона, онҳо хилофи амри китоб амал намуданд, онҳо ҳасад бурданду ихтилоф варзида, тафриқа андохтанд. Ҳамин аст, ки ин ояти карима муъминонро ҳушдор медиҳад, ки аз чунин амали зишту нописанд дурӣ биҷӯянд.

Аз ҳикматҳои Ӯ таъолост, ки азобу файсалаи он ихтилофкунандагонро то рӯзи Қиёмат ба таъхир вогузоштааст, вагарна аз чунин афрод пок сохтани рӯйи Замин барои Аллоҳ таъоло ҳеҷ мушкилӣ надорад.

Онҳоеро, ки аҳли китоб шинохта мешаванд, ки (ҳарчанд ба онҳо Тавроту Инҷил нозил шуда бошад ҳам, боз) ба пайғамбари охируззамон, яъне Муҳаммад (с) пайрав нашудаанд, дар тавҳиду усули дин чун бобоҳои гузаштаи худ ихтилоф доранд ва дар китобҳои осмонӣ тағйир ворид сохтаанд ва онҳо дар ҳақ будани китобҳои самовӣ шубҳа доранд, бо имони комил ба ин китобҳо пайравӣ намекунанд. Агар худро пайрави ин китобҳо вонамуд созанд ҳам, ба ҷуз сохтакорӣ ва ба чашми мардум хок пошидан чизи дигаре нест. (Ибни Касир)

То ҷое ки зарур аст, аҳли китоб ин китобҳоро намедонанд, он тавре, ки бояд имон биёранд, намеоранд ва онҳо дар шакку ноустуворӣ Қарор доранд. (Т. Байзовӣ)

Хулоса, пайравони дини илоҳӣ дар кадом замоне бошанд ва уммати кадом пайғамбаре ҳастанд, бояд китоби Аллоҳро амиқ омӯзанд ва аз Пайғамбари замони худ ба таври бояду шояд пайравӣ намоянд. Вагарна суде аз дину шариъату китоби осмонӣ бардошта наметавонанд. Он ибодати кӯркӯрона ва тақлид аз бобоён бефоида аст. Шинохтани Аллоҳ таъоло, донистани матлаби китоби раббонӣ, комил сохтани имон, дур кардани шакку шубҳаҳо бе хондану донишу тавфиқи Парвардигор имконнопазир аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шӯро Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)