Тафсири Сураи Шуро Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шӯро Ояти 12
لَهٗ مَقَالِيۡدُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِۚ يَبۡسُطُ الرِّزۡقَ لِمَنۡ يَّشَآءُ وَيَقۡدِرُؕ اِنَّهٗ بِكُلِّ شَىۡءٍ عَلِيۡمٌ ١٢
Лаҳу мақолӣду-с-самавати ва-л арЗ. Ябсуту-р-ризқа лима-й яшау ва яқдир. Иннаҳу би кулли шай-ин Ъалӣм. 12.
12. Калидҳои осмонҳо ва Замин аз они Ӯст, барои ҳар касе ки хоҳад, рӯзиро фарох месозад ва (барои касе ки хоҳад) танг мекунад, албатта, Ӯ бар ҳар чиз доност.
Аллоҳ таъоло аз монандсозӣ бо махлуқот пок буда, калиди хазинаҳои Осмону Замин (яъне барфу борони осмонҳо ва захираҳои Замин) мар Ӯрост. Бо тақозои ҳикмати Худ ризқи касеро хоҳад, фарох месозад ва аз касеро хоҳад танг. Аз ҳикматҳои илоҳӣ аст, ки аз ҳар хазинаи Худ бандаро чӣ миқдоре, ки хоҳад медиҳад. Ин марҳамати илоҳиро, ки нисбати бандааш мешавад, Ӯ Худ медонад. Илми Аллоҳ таъоло ҳадду андоза надорад, тамоми ашёро ва салоҳияти онҳоро ба пуррагӣ иҳотакунанда аст. Ҳеҷ чиз аз доираи илми Ӯ берун намемонад. Ҳатто маълуми Ӯст, ки барои кадом бандаи муъминаш сарватмандӣ судманд аст ва барои кадоме аз он фақирӣ. Ҳар чиро ба бандааш муносиб медонад, барои банда хайру маслиҳат аст. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «