Тафсири Сураи Шуро Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шӯро Ояти 16
وَالَّذِيۡنَ يُحَآجُّوۡنَ فِى اللّٰهِ مِنۡۢ بَعۡدِ مَا اسۡتُجِيۡبَ لَهٗ حُجَّتُهُمۡ دَاحِضَةٌ عِنۡدَ رَبِّهِمۡ وَعَلَيۡهِمۡ غَضَبٌ وَّلَهُمۡ عَذَابٌ شَدِيۡدٌ ١٦
Ва-л-лазӣна юҳаҷҷуна филлаҳи мин баъди мастуҷӣба лаҳу ҳуҷҷатуҳум даҳиЗатун ъинда Раббиҳим ва ъалайҳим ғаЗабу-в ва лаҳум ъазабун шадӣд. 16.
16. Ва ононе ки дар дини Аллоҳ, баъд аз он ки фармони Ӯ Қабул карда шуд ва мардум дар он даромаданд мухосама мекунанд, хусумати онҳо назди Парвардигорашон ботил аст. Ва ғазаби Аллоҳ бар онҳо аст ва онҳоро азоби сахт аст.
Сабаби нузули ин оятро муфассирони киром бо ривояти Ибни Аббос (р) ва Муҷоҳид чунин шарҳ додаанд: “Вақто тоифае аз мардум дини Аллоҳро гаравиданду ба Аллоҳу Расули Ӯ (с) имон оварда, мусалмон шуданд, онҳое, ки ба дини Ислом надаромада буданд, хостанд, ки имоновардагонро ба ҷоҳилият бозгардонанд”. Қатода (муфассири машҳур) мегӯяд: “Он гурӯҳи фитнагар аз яҳуду насоро буданд, ки ба имоновардагон гуфтанд: “Дини мо аз дини шумо беҳтар аст, набии мо аз пайғамбари шумо пеш омадааст, мо аз шумо беҳтарем. Назди Аллоҳ таъоло аз шумо дида мартабаи мо баландтар аст ва ғайра”. Онҳо бо гуфтани ин гуна суханҳо дурӯғгӯ шудани худро намедонистанд. Ҳоло Аллоҳ таъоло чунин шахсонро бо ояти мазкур шадидан ваъид (ваъдаи азоб) намуда мефармояд, ки шахсоне ба дини Мо мухосама (душманӣ)-ро пеша гирифта, мехоҳанд мардумеро, ки онҳо имон оварда, дини ҳақро Қабул намудаанд, аз дину имон боздоранд, ҳар далеле, ки пешниҳод месозанд, ҳама бофтаи худашон буда, далелҳояшон назди Аллоҳ таъоло ҳеҷ суботе надоранд, ҳама ва ҳама ботил ҳастанд. Ғазаби Аллоҳ таъоло дар дунё ва азоби шадид дар охират барои чунин фитнагарҳо муайян аст. Аммо онҳое, ки ҳанӯз вориди ягон дин нагаштаанд ва бо аҳли имону ислом душманӣ надоранду дар баҳсу низоъ ва мухолифат Қарор надоранд, ба гурӯҳи зикршуда шомил набуда, валлоҳу аълам, азобашон то ин андоза сахту шадид нест. Аллоҳ донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «