Сураи Шӯро Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 2

عٓسٓقٓ ٢

Ъайн, Сӣн, Қоф. 2.

Айн, Син, Қоф. (маънои ин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад).

Ин ду оятро Аллоҳ таъоло бо ҳуруфи муқаттаъа (ҷудогона) ибтидо ва хотима бахшид, чунон ки дар аввали сураи “Бақара” ин гуна оят дида мешавад. Шояд ин барои огоҳии инсонҳо бошад, яъне Қуръон аз он ҳарфҳое, ки мавриди истифодаи инсонҳо Қарор доранд, банду баст ёфтааст, аммо онҳо Қудрате надоранд, ки ба миқдори се ояти кӯтоҳи он суханеро тартибу омода бисозанд. Балки пеши чунин тарзи навишт оҷизу музтар мемонанд.

Маънои ин ду оят танҳо ба худи Офаридгор маълуму равшан аст. Зеро ин гуна оятҳо аз ҷумлаи муташобиҳот (сир) ба шумор мераванд. Аҳли суннат ва ҷамоат ин гуна оётро тафсиру эзоҳ намедиҳанд. Бинобар ин, мегӯяд: “Валлоҳу аъламу би муродиҳи” муроду мақсади чунин оятҳоро танҳо Аллоҳ таъоло медонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шӯро Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)