Тафсири Сураи Шуро Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шӯро Ояти 42
اِنَّمَا السَّبِيۡلُ عَلَى الَّذِيۡنَ يَظۡلِمُوۡنَ النَّاسَ وَ يَبۡغُوۡنَ فِى الۡاَرۡضِ بِغَيۡرِ الۡحَقِّؕ اُولٰٓٮِٕكَ لَهُمۡ عَذَابٌ اَلِيۡمٌ ٤٢
Иннама-с-сабӣлу ъала-л-лазӣна язлимуна-н-наса ва ябғуна фи-л-арЗи би ғайри-л-ҳаққ. Улаика лаҳум ъазабун алӣм. 42.
42. Ҷуз ин нест, ки роҳи маломат бар касоне аст, ки бар мардум зулм мекунанд ва дар Замин ба ноҳақ фасод мекунанд, барои онҳо азоби дарднок аст.
Албатта, азобу уқубат ва маломат ба онҳое ваъда дода шудааст, ки онҳо ба халқи Худо дашному зулму таъаддиро раво дидаанд. Яъне худро нисбат ба дигарон забардаст нишон доданӣ мешаванд. Бо роҳи зӯрӣ ва озор бандагони бегуноҳи Худоро дашном медиҳанд, моли ҳалоли онҳоро бо ҷабру фасод аз худ мекунанд. Аз содир кардани гуноҳҳо дурӣ наҷуста, дар рӯйи замин фисқу фасодро афзун месозанд, ин гуна мардум золиму таҷовузкоранд. Ҳамин зулму бераҳмии онҳо боис гардид, ки барояшон азоби дарднок ваъда карда шуд. Ҳамин гуна касон таҳти ваъид (ваъдаи ҷазо)-и ин ояти карим Қарор доранд ва ояти мазкур барои золимон ҳушдорест, ки золимон набояд онҳо бандагони Худоро зулм кунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «