Сураи Шӯро Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 5

تَـكَادُ السَّمٰوٰتُ يَتَفَطَّرۡنَ مِنۡ فَوۡقِهِنَّ‌ وَالۡمَلٰٓٮِٕكَةُ يُسَبِّحُوۡنَ بِحَمۡدِ رَبِّهِمۡ وَيَسۡتَغۡفِرُوۡنَ لِمَنۡ فِى الۡاَرۡضِ‌ؕ اَلَاۤ اِنَّ اللّٰهَ هُوَ الۡغَفُوۡرُ الرَّحِيۡمُ ٥

Такаду-с-самавату ятафаттарна мин фавқиҳинн. Ва-л-малаикату юсаббиҳуна би ҳамди Раббиҳим ва ястағфируна ли ман фи-л-арЗ. Ала инналлоҳа Ҳува-л-Ғафуру-р-Раҳӣм. 5.

5. Наздик аст осмонҳо аз ҷониби болои худ (аз сухани мушрикон, ки гуфтанд Худованд фарзанд дорад) пора-пора шаванд. Ва фариштагон ҳамроҳ бо ҳамди Парвардигори худ тасбеҳ мегӯянд ва барои ононе ки дар Заминанд, омурзиш мехоҳанд. Огоҳ бош: албатта, Аллоҳ омурзгору меҳрубон аст!

Аз бо азаматию ҷалоли Ӯ таъоло, ё аз шаноъату ёвагӯиҳои зишту бади мушриконе, ки ба Аллоҳи ягона фарзанд муқаррар мекунанд, наздик аст осмонҳо бардошт накарда, аз ҷониби болои худ пора шаванд. Хушбахтона, фариштагони аброр бо афзунӣ ҳамеша тасбеҳи Аллоҳ таъолоро мегӯянд, ба покӣ ёд мекунанду шукронаи Ӯро ба ҷо меоранд. Магар фариштагони наздики даргоҳи илоҳӣ шаъну шукӯҳи ҷалоли Парвардигорро ба андозаи мушрикон намедонанд? Илова бар ин, аз Аллоҳ таъоло мағфирати гуноҳони муъминони рӯйи Заминро мехоҳанд. Лекин мушрикон бояд бидонанд, ки аз истиғфори фариштагон ба онҳо ҳеҷ фоидае намерасад. Аммо шахсоне, ки аз гуноҳ даст мекашанду тавба мекунанд, албатта, Аллоҳ таъоло меҳрубону мағфираткунандаи онҳост. Бо баракати дуъою истиғфори фариштагон Аллоҳ таъоло ҷурму гуноҳони муъминонро афв намуда, ин низом (осмон)-ро Қоим нигоҳ медорад. Ба кофирон то як муддате муҳлат медиҳад. Вагарна Аллоҳ таъоло Қодир аст аз касофатии мушрикон дар як мижа задан низоми коинотро бар ҳам занад. Локин дар уқубат кардани онҳо шитоб намекунад. Ҳамин мазмун дар ояти 90-уми сураи “Марям” низ, ба таври мукаммалтар шарҳу эзоҳи худро ёфтааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шӯро Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)