Сураи Шӯро Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 6

وَالَّذِيۡنَ اتَّخَذُوۡا مِنۡ دُوۡنِهٖۤ اَوۡلِيَآءَ اللّٰهُ حَفِيۡظٌ عَلَيۡهِمۡ‌ۖ وَمَاۤ اَنۡتَ عَلَيۡهِمۡ بِوَكِيۡلٍ ٦

Ва-л лазӣнаттахазу мин дуниҳи авлийааллоҳу ҳафӣзун ъалайҳим ва ма анта ъалайҳим би вакӣл. 6.

6. Ва ононе ки ғайри Аллоҳро дӯст гирифтанд, Аллоҳ амалҳои бади онҳоро барои муҷозоташон нигоҳдоранда аст ва ту бар онҳо ваколатдор нестӣ.

Мушрикон, ки дар баробари Аллоҳ таъоло ба ҳангоми ибодат ва дуъо чизеро ном мебаранду дӯст медоранд ва расули Аллоҳро напазируфтанд ва нисбати ӯ ҳар гуна муносибати нодурустро раво диданд, боз корашон бобарор асту ба муроду мақсадҳои худ мерасанд, бояд мағрур нашаванд. Зеро ҳама амалҳои онҳоро Аллоҳ таъоло мебинаду медонад ва ҳеҷ яке аз мадди назари Ӯ таъоло пинҳон намемонад. Барои ҳар як амали худ дар рӯзи Қиёмат онҳо ҳисобот хоҳанд дод.

Аллоҳ таъоло ба ҳабиби Худ (с) муроҷиат мекунад, ки набояд аз ин, ки ба мушрикон (аз амали нописанде, ки доранд) ҳеҷ осебе намерасад, дар шигифт бошӣ. Эмин бош, барои азоби ин мушрикон мукаллаф ва ваколатдор нестӣ. Вазифаи ту фақат ин аст, ки онҳоро даъват намуда, аз рӯзи Қиёмат бимашон бидиҳӣ. Ба таври зӯрӣ ба онҳо имонро бор намудан барои ту лозим нест.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шӯро Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)