Тафсири Сураи Шуро Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шӯро Ояти 4
لَهٗ مَا فِى السَّمٰوٰتِ وَمَا فِى الۡاَرۡضِؕ وَهُوَ الۡعَلِىُّ الۡعَظِيۡمُ ٤
Лаҳу ма фи-с-самавати ва ма фи-л-арЗи ва Ҳува-л Ъалийю-л-Ъазӣм. 4.
4. Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар Замин аст, аз они Ӯст. Ва Ӯ баландмартабаву бузургқадр аст.
Аллоҳ таъоло зимни оятҳои мазкур ҳабиби Худ (с)-ро хитоб намуда, мефармояд, ки чуноне ки Парвардигори ту Қуръонро ҳамчу ваҳй барои Ту (с) фиристод, инчунин ба пайғамбароне, ки пеш аз ту гузаштаанд, ба онҳо низ ваҳю китобҳои Худро фиристода буд. Аллоҳ таъоло дар тасарруфи мулки Худ ғолиб ва дар санъату ҷобаҷогузории махлуқоти Худ бисёр боҳикмат аст. Вақто ки ин кори нав набудаасту балки одатуллоҳ чунин ҷорӣ шудааст, дар ин кор набояд тааҷҷуб намуд. Зеро Ӯ таъоло Зотест, ки Замину Осмон ва ҳамаи махлуқоти дар онҳо мавҷудбуда дар ихтиёри Ӯст ва мар Ӯрост бартарию бузургқудратӣ бар махлуқоти Худ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «