Сураи Шӯро Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 7

وَكَذٰلِكَ اَوۡحَيۡنَاۤ اِلَيۡكَ قُرۡاٰنًا عَرَبِيًّا لِّـتُـنۡذِرَ اُمَّ الۡقُرٰى وَمَنۡ حَوۡلَهَا وَتُنۡذِرَ يَوۡمَ الۡجَمۡعِ لَا رَيۡبَ فِيۡهِ‌ؕ فَرِيۡقٌ فِى الۡجَنَّةِ وَفَرِيۡقٌ فِى السَّعِيۡرِ ٧

Ва казалика авҳайна илайка Қуранан ъарабиййа-л ли тунзира Умма-л-Қуро ва ман ҳавлаҳа ва тунзира явма-л ҷамъи ла райба фӣҳ. Фарӣқун фи-л-Ҷаннати ва фарӣқун фи-с-Саъӣр. 7.

7. Ва ҳамчунин ба сӯи ту Қуръони арабиро ваҳй фиристодем, то аҳли Маккаро ва онҳоеро, ки дар атрофи он ҳастанд, битарсонӣ ва мардумро аз рӯзи ҷамъ шудан, ки дар омадани он ҳеҷ шубҳае нест, бим диҳӣ, ки гурӯҳе дар Биҳишт бошанд ва гурӯҳе дар Дӯзах.

Ай Муҳаммад (с), ҳамчуноне ба пайғамбарони пеш аз ту ваҳй фиристодем, ба ту низ, Қуръонро ба забони арабӣ ваҳй фиристодем. Қуръон муъҷизаи бузург асту дар он ҳеҷ шубҳаву сохтагие нест. Туро расул интихоб намудем ва Қуръонро ба ту нозил гардонидем, ки мардумро аз ҷаҳолат берун биёрӣ. Онҳоро аз рӯзи муҳимми Қиёмат, ки дар омаданаш шакке нест, бим бидиҳӣ. Хусусан халқи Макка ва аҳолии атрофи онро аз ин огоҳ бисозӣ. Ба онҳо арз кун, ки баъд аз миронидан бори дигар зинда карда мешаванд. Дар он рӯз амалҳояшон мавриди ҳисоб Қарор мегирад. Мукофот ё ҷазо дода мешаванд. Инсонҳо барои чунин рӯз бояд омода бошанд. Зеро дар он рӯз инсонҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳе ба Ҷаннати пурнеъмат раҳнамоӣ карда мешаванд, ки онҳо муъминанд ва гурӯҳе ба Ҷаҳаннам ворид мегарданд, ки онҳо аз аҳли куфранд. Акнун шумо интихоб кунед, ки аз кадом гурӯҳ будан мехоҳед. Ихтиёри роҳ дар дунё ба майлу хоҳиши шумост.

Акнун чанд нукта дар боби номи Макка, ки онро Уммулқурро (модари шаҳрҳо) меноманд. Чунин ном гузоштани шаҳри Макка аз сӯйи Аллоҳ таъоло далолат ба муқаддас будани он мекунад. Макка шаҳрест, ки дар он ибодатхонаи аввалин муъминон Қарор дошта, мақоми ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ низ, он ҷост. Дар ривоятҳо омадааст, ки Аллоҳ таъоло офариниши Заминро аз ҷои ҳамин хонаи Каъба шурӯъ кардааст.

Дар давоми оят омада, ки “мардуми Макка ва атрофи он”, мурод аз ин, валлоҳу аълам, мардуми араб ва ғайри араб аст. Аз баракати сухани Парвардигор аст, ки мардуми нимҷазираи араб ва баъдан тамоми олам аз нури Ислом мунаввар гардиду баҳра бардошт. Ҳар киро тақдираш некӯ буд, вориди ин дин шуд. Аммо тақдири касе шақоват (бад) аст, Ислом дохили хонаву дараш гардад ҳам, мутаассифона, онро пазиро намешавад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шӯро Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)