Сураи Шӯро Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 8

وَلَوۡ شَآءَ اللّٰهُ لَجَعَلَهُمۡ اُمَّةً وَّاحِدَةً وَّلٰـكِنۡ يُّدۡخِلُ مَنۡ يَّشَآءُ فِىۡ رَحۡمَتِهٖ‌ؕ وَالظّٰلِمُوۡنَ مَا لَهُمۡ مِّنۡ وَّلِىٍّ وَّلَا نَصِيۡرٍ ٨

Ва лав шааллоҳу ла ҷаъалаҳум уммата-в ваҳидата-в ва лаки-й юдхилу ма-й яшау фӣ раҳматиҳ. Ва-з-золимуна ма лаҳум-м ми-в валиййи-в ва ла насӣр. 8.

8. Агар Аллоҳ хоста буд, ҳаройина, мардумро як уммат(-и муъмин) мегардонид, валекин Аллоҳ ҳар киро хоҳад, дар раҳмати Худ медарорад ва ситамгоронро ҳеҷ корсозе ва мададгоре нест.

Бешак Ӯ таъоло Қудрат дошту дорад, ки мардумро як уммати муъмину аҳли дини Ислом бигардонаду ҳамаро ба як роҳи рост ҳидоят созад. Аммо муқтазои ҳикмати Аллоҳ таъоло чунин рафтааст, ки сифатҳои раҳмату ғазаби Худро зоҳир бисозад. Бинобар ин, аҳволи бандагонро вобаста ба ақида ва амалашон гуногун кард. Якеро аз боиси фармонбардорӣ мавриди раҳмати Худ Қарор дод ва ба ин сабаб ӯро вориди Ҷаннат мегардонад. Дигареро бинобар амали зулму гуноҳ карданаш, аз раҳмати Худ дур мегардонаду дохили Ҷаҳаннам мекунад. Акнун онҳое, ки куфру исён варзиданду аз раҳмати Аллоҳ таъоло дур шуданд, фардо рӯзи Қиёмат ҳеҷ дӯсте намеёбанд, ки ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунад ва дилсӯзе пайдо намекунанд, ки онҳоро аз азоби сахти Ҷаҳаннам раҳо созад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шӯро Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)