Тафсири Сураи Шуро – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи “Шуро” 42-юм сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда, аз 53 оят иборат аст.
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм
“Ҳар кӣ бошад, ки хоҳад кишти охиратро, меафзоем барои ӯ дар кишти вай. Ва ҳар кӣ бошад, ки хоҳад кишти дунёро, медиҳем ӯро аз он ва нест мар ӯро дар охират ҳеҷ баҳра” (ояти 20-уми ҳамин сура).
Ин сураи муборак дар Макка нозил шуда, чун дигар сураҳо паҳлуҳои ақидаи исломиро мавриди баррасӣ Қарор медиҳад. Умдатарини он шинохтани яккагии Аллоҳ таъоло, рисолати пайғамбари охируззамон ва боварӣ доштан ба Қиёмату аҳволи он, ҳисобу ҷазо ва подоши он рӯз ва ғайра аст. Аммо ҳадафи асосии ин сура хабар додан аз нузули ваҳйи илоҳӣ ва пайғамбарии Муҳаммад (с) иборат аст.
Сура бо он ибтидо меёбад, ки Парвардигори оламиён ваҳйи Худро танҳо ба пайғамбарон нозил кард. Ӯ чунон Зоте аст, ки касеро аз миёни мардум хост, расули Худ интихоб намуд ва ӯро аз гуноҳҳо покиза гардонид. Мурод аз фиристодани пайғамбарон ин буда, ки мардумро аз ширку гумроҳӣ ба роҳи рост ҳидоят кунанд.
Баъдан, амали мушрикон мавриди хитоб Қарор мегирад, ки ин тоифа ба Аллоҳи ягона шарик интихоб намуда, ба Аллоҳ зуррияро (авлодаро) мансуб медонанд. Ҳатто Осмону Замин аз чунин фаҳмиши мушрикон ва шунидани каломи куфромези онҳо беқарор гашта, наздик аст, ки аз худ пош бихӯранд. Мушрикон ба андозае ба гумроҳӣ ғӯтидаанд, ки ҳар сухане хоҳанд, дар шаъни Парвардигори оламиён ба забон меоранд. Дар муқобили онҳо фариштагон мисол оварда мешаванд, ки ҳамеша ба тоату ибодати Аллоҳи ягона машғул буда, ҳеҷ гоҳ аз ибодат хаста намешаванд.
Бори дигар сураи муборак сари масъалаи ваҳйи Илоҳӣ ва фиристода шудани Пайғамбар (с) баргашта, таъкид мекунад, ки дин як дин аст Ислом. Он ба ҷумлаи пайғамбарон, аз ҷумла Нӯҳ (а), Мӯсо (а) ва Исо (а) хулоса ба ҷамиъи Пайғамбарон якранг фиристода шудааст, ки он тавҳид яктопарастист. Аммо байни шариъати онҳо тафовут вуҷуд дошт. Яъне агар шариъати наве ба пайғамбаре амр мешуд, ба шариъати Пайғамбари гузашта умуман монанд буд. Локин дар зоҳир комилтару беҳтар буд. Сари ин нуқта дар эзоҳи ояти 13-ум, иншоаллоҳ, боз хоҳем гашт.
Сипас сураи муборака аз ин мавзӯъ интиқол намуда, сари мушрикону ақидаи ботили онҳо баҳс мекунад, ки онҳо Қуръону рӯзи баъс (яъне Қиёмат) ва ҳисобу ҷазоро дурӯғ мешуморанд. Онҳо рӯзеро инкор мекунанд, ки он рӯз чун фаро мерасад, аз тарсу даҳшати он ҳатто мӯи сари тифл сафед мешавад. Шахсоне мавҷуданд, ки хабару омадани Қиёматро масхара намуда, бо истеҳзо зудтар омадани онро талаб мекунанд. Оятҳои ин сура чунин афродро шадидан биму тарс медиҳанд.
Дар сура амр мешавад, ки агар инсон Қабл аз омадани рӯзи Қиёмат бо тоату ибодат ва талаби мағфирати гуноҳҳо машғул бошад, иншоаллоҳ, он иҷобат хоҳад шуд. Вале чун Қиёмат нохост Қоим гардад, ҳеҷ як тавбаву тазаррӯъ ва на молу на Қаробат суд надорад.
Анҷоми сура чун ибтидои он аз ҳадиси ваҳйи Илоҳӣ ва аз рисолати Расулуллоҳ (с) баҳс мекунад. Тавре маълум мешавад, барои риояи ҳусни тартиб ибтидо ва интиҳои сура як хел ба анҷом мерасад.
Ин буд мундариҷаи мухтасари Сураи “Шӯро”.
Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «