Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 54
اَلَاۤ اِنَّهُمۡ فِىۡ مِرۡيَةٍ مِّنۡ لِّقَآءِ رَبِّهِمۡؕ اَلَاۤ اِنَّهٗ بِكُلِّ شَىۡءٍ مُّحِيۡطٌ ٥٤
Ала иннаҳум фӣ миряти-м ми-л-лиааи Раббиҳим. Ала иннаҳу би кулли шай-им муҳӣт. 54.
54. Огоҳ бош: албатта, онҳо аз мулоқоти Парвардигори худ дар шакканд. Огоҳ бош: албатта, Аллоҳ бар ҳар чиз иҳотакунанда аст.
Ояти мазкур ақидаи мушриконро ботил сохта мефармояд, ки ай Қавм, албатта, шумо аз ақидаи чунин тоифа (мушрикон) огоҳ бошед! Зеро онҳо зинда гардонидани баъди миронидан, ҳисобу китоб, ҷазои амалҳо ва дар он рӯз ба Аллоҳ таъоло рӯ ба рӯ омаданро шак намуда, тасдиқ надоранд. Онҳо фиребхӯрдагонанд. Аз ин ҷост, ки на имон меоранд ва на тасдиқ доранд. Ва ҳар намуди ибодати сохтаро бар худ дуруст мешуморанд, чӣ ки хоҳанд мегӯянду мекунанд. Ай мухотаб, огоҳ бош, ҳамаи он чӣ мушрикон дар якҷоягӣ ё дар танҳоӣ мегӯянду мекунанд, аз иҳотаи илми Аллоҳ таъоло берун нест. Албатта, барои чунин амалҳояшон ҷазои мувофиқ хоҳанд гирифт.
Поёни сураи “Фуссилат”
Валиллаҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «