Сураи Сод Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳманир-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

صٓ‌ ۚ وَالۡقُرۡاٰنِ ذِى الذِّكۡرِؕ ١

Сод. Ва-л-Қур-ани зи-з-зикр. 1.

1. Сод. Қасам ба Қуръони соҳиби панд.

(Маънои ҳарфи «сод»-ро Худованд медонад)

Ҳарфи «Сод» мисли дигар ҳарфҳое, ки баъзе сураҳои Қуръон бо онҳо оғоз мегарданд, аз ҷумлаи муташобиҳот (сир) буда, ба тафсири онҳо аҳли суннати вал ҷамоат даст назадаанд. Эшон гуфтаанд: «Аллоҳ ба мақсаду мароми ин ҳарфҳо донотар аст». Ба ҳар тақдир, чуноне дар боло гузашт, ба ин тарз оғоз шудани сураҳо, яъне ба воситаи ҳарфҳо ибтидо ёфтани онҳо, як муъҷизаи Қуръонӣ будааст. Мо аҳли салафро пайравӣ намуда, ба тафсири ин ҳарфҳо накӯшидем.

Дар давоми оят Аллоҳтаъоло ба китоби худ (Қуръон), ки он дорои мартабаи олию соҳиби шаъни бузург аст, савганд ёд кардааст. Дар ҷавоби Қасам, ки дар зоҳири оят дида намешавад, муфассирон фикрҳои гуногун баён намудаанд. Яке аз онҳо ин аст: «Албатта, ин Қуръон мардумро оҷиз гардонида, сидқи Муҳаммад (с)-ро тасдиқкунанда аст». Қуръон тамоми эҳтиёҷоти лозимаи мардумро бо панду ҳикматҳояш ҷавобгӯ аст, вале на ҳама аз он панд мегиранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)