Тафсири Сураи Сод Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 2
بَلِ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا فِىۡ عِزَّةٍ وَّشِقَاقٍ ٢
Бали-л-лазӣна кафару фӣ ъиззати-в ва шиқоқ. 2.
2. Балки ононе ки кофир шуданд, (ҳамчунон) дар саркашӣ ва дар мухолифатанд, Қуръонро намепазиранд.
Аммо кофирон ба ин Қуръони саршори панду ҳикматҳо, ки инсонро ба сӯи маърифати Илоҳӣ ва наҷоту саодати дорайн (ду дунё) раҳнамо месозад, мухолифат меварзанд, ҳол он ки аз ҳар як ояти он садое барояшон мерасад, ки ҳар касе ба ҳарфи Қуръон бовар карда, тибқи фармудаи он амал намояд ва рисолати Пайғамбар (с)-ро дуруст дониста, аз ӯ пайравӣ кунад, донад, ки саодати ҳар ду ҷаҳонро ёфтааст. Лекин шахсоне ҳастанд, ки ба ҳеҷ яке аз он боварӣ надоранд ва дар маънои Қуръон ва рисолати Он ҳазрат (с) камбудиро ҷӯё мешаванд. Онҳо сармаст аз кибру ғурури хеш, бар ҳақ мухолифат мекунанд. Онҳо ба гирдоби ҷаҳл фурӯ рафта, лоақал аз гузаштагони ҳампешаи худ, чуноне ки дар ояти зер мефармояд, дарси ибрат намегиранд…
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «