Тафсири Сураи Сод Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 27
وَمَا خَلَقۡنَا السَّمَآءَ وَالۡاَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا بَاطِلًا ؕ ذٰلِكَ ظَنُّ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡاۚ فَوَيۡلٌ لِّلَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا مِنَ النَّارِؕ ٢٧
Ва ма халақна-с-самаа ва-л-арЗа ва ма байнаҳума батила. залика занну-л-лазӣна кафару. Фа вайлу-л лил лазӣна кафару мина-н-нар. 27.
27. Ва Осмон ва Заминро ва он чӣ дар миёни онҳост, Мо абас (беҳуда) наёфаридем. Ин гумони касонест, ки мункир шуданд. Пас, вой бар ононе, ки кофир шудаанд (барои онҳо) аз оташ азоб аст!
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло зимни ояти мазкур мефармояд, ки мо Замину осмон ва ҳар чи дар онҳост ва инчунин ҳар чӣ байни онҳост, беҳуда наофаридем. Ҳамаи ин ҳикмате аз ҳикматҳои Мост. Гумон макунед, ки дунё танҳо ин аст, ки дар он зиндагӣ ба сар мебареду дунёи дигаре вуҷуд надорад. Напиндоред, ки барои амалҳои худ назди Аллоҳ ҷавоб нахоҳед дод! Мегӯед дар офариниши он махлуқот ҳеҷ ҳикмате нест? Агар чунин гумон дошта бошед, ин гумони мункирон аст. Зеро онҳо ба Қиёмат ва зиндагардонидан баъд аз миронидан имон надоранд. Пас вой бар ҳоли чунин кофироне, ки оташи Ҷаҳаннамро инкор мекунанд. Хушо ба ҳоли касе, ки хоҳишоти нафсро як сӯ гузошта, асилона пайрави асосҳои дини барҳақ шуда, бо Холиқи худ ва махлуқоти Ӯ муомилаи некӯро пеш гирифта, ба ҳақиқати офариниши Замину осмонҳо эътибор дода, охиратро бовар мекунад ва барои дар охират подоши накӯро соҳиб шудан ҳамеша саъю кӯшиши зиёд менамояд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «