Сураи Сод Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 33

رُدُّوۡهَا عَلَىَّ ؕ فَطَفِقَ مَسۡحًۢا بِالسُّوۡقِ وَ الۡاَعۡنَاقِ ٣٣

Руддуҳа ъалайй. Фа тафиқа масҳан би-с-суқи ва-л-аънақ. 33.

33. Он аспонро бар ман бозгардонед, пас, ба даст расонидан (буридан)-и соқҳо ва гарданҳои онҳо шурӯъ кард (то ҳамаро дар роҳи Худо Қурбон сохт).

Аллоҳтаъоло мефармояд, ки Сулаймон (а) соҳиби чандин ҳазор аспҳои тездави аз падар меросмонда буд. Онҳоро барои набард ва эъломи калимаи Аллоҳ истифода мебурд. Ҳазрат (а) онҳоро ниҳоят дӯст медошт ва бо камоли муҳаббат гардану соқҳои онҳоро соиш мекарду пок месохт. Як бегоҳ Сулаймон (а) ба тамошои ин аспҳо шуғл варзид ва наздик буд, ки ғуруб кардани Офтобро пай набарад. Пас гуфт, ки ман ин аспҳоро ҳамчун моли дунё чунон дӯст доштам ва ба онҳо он Қадар машғул шудам, ки наздик буд, ки аз зикри Парвардигори худ фориғ монам. Шояд андаке монда буд, ки ибодати хосси он вақтаро (ё намози асрро) Қазо созад. Пас он ҳазрат (а) аз итоби Парвардигори худ тарсида, ба ёрони худ амр намуд, то он аспҳоро ба наздаш биёранд. Вақто ки онҳоро оварданд, ба Қурбонӣ намудани онҳо шурӯъ намуд ва мекушту пойҳояшонро бурида, ба фуқаро садақа медод. Ин аст муомилаи мардони роҳи Худо бо моли дунё.

Ҳасани Басрӣ (р) мегӯяд: «Бар ивази аспони дар роҳи Аллоҳ Қурбонинамудаи Сулаймон (а) Аллоҳтаъоло бодро мусаххари ӯ гардонид, ки аз асп дида, суръаташ дар ҳаракат тезтар буд.»

Сар задани чунин корҳо аз тарафи пайғамбарон баъзан имкон дорад. Ҳангоми шуғл дар ғазои Хандақ намози асри Расули Акрам (с) Қазо шуд. Зеро Он Ҳазрат (с) машғули корзор алайҳи кофирон буд. Ӯ (с) аз ин ҳодиса ниҳоят андӯҳгин шуд ва дар ҳаққи куффор ба ин сурат дуъо намуд: «Аллоҳтаъоло хонаву Қабрҳояшонро аз оташ пур бисозад!». Сулаймон (а) ҳам дар изтироб афтод, то ки аспҳо дигар боиси ғафлатзадагии ӯ нагарданд, шамшер ба даст гирифта, то охири Қисса…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)