Сураи Сод Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 39

هٰذَا عَطَآؤُنَا فَامۡنُنۡ اَوۡ اَمۡسِكۡ بِغَيۡرِ حِسَابٍ ٣٩

Ҳаза ъатауна фамнун ав амсик би ғайри ҳисаб. 39.

39. Ин аст атои Мо, ба ғайри он ки бо ту ҳисоб карда шавад, хоҳӣ эҳсон кунӣ ё боздорӣ.

Аллоҳтаъоло ба Сулаймон (а) муроҷиат намуда мефармояд, ки он мулку давлате, ки ба ту додем, аз бахшиши бекарони Мост. Ту дар истифодаи он мухтор ҳастӣ. Хоҳӣ ба касе эҳсон кунӣ, ё боздорӣ. Барои ту ҳеҷ гуна ҳисоб нахоҳад шуд.

Фазлу меҳрубонии Аллоҳтаъоло ҳадду канор надорад, молу сарватро ба ӯ (а) арзонӣ фармуд ва ҳисобро аз вай бардошту бар мулкаш мухтораш сохт. Аммо Сулаймон (а) бо вуҷуди ин Қадар дороӣ бо дасти худ сабад мебофту нафақаи худро аз ин касб пайдо мекард.

Аллоҳтаъоло бо ояти зер шаъну шукӯҳи Сулаймон (а)-ро баландтар гардонида фармудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)