Тафсири Сураи Сод Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 43
وَوَهَبْنَا لَهُۥٓ أَهْلَهُۥ وَمِثْلَهُم مَّعَهُمْ رَحْمَةً مِّنَّا وَذِكْرَىٰ لِأُو۟لِى ٱلْأَلْبَٰبِ ٤٣
Ва ваҳабна лаҳу аҳлаҳу ва мислаҳум-м маъаҳум раҳмата-м минна ва зикро ли ули-л албаб. 43.
43. Ва аз рӯи раҳмате аз ҷониби Мо ва аз ҷиҳати панд барои соҳибони хирад, аҳли ӯро ва монанди онҳоро Ҳамроҳашон ба ӯ ато кардем.
Муфассирони киром навиштаанд, ки дар давраи имтиҳони Илоҳӣ бисёре аз аҳли хонаводаи Аюб (а) зери сақфи хона монда, нобуд гардида буданд. Сарвату дороиаш низ парешон шуда буд. Баъд аз санҷиш гузаштан Аллоҳтаъоло Аюб (а)-ро аз сиҳатии зоҳирию (ҷисмонӣ) ва ботинӣ (рӯҳонӣ) бархурдор гардонид. Инчунин тамоми сарвату дороиашро барқарор намуд. Ба ҷои аҳлу хонаводаи фавтидааш, авлоди монанду хубтар дод.
Барои аҳли хирад ин ҳама як ибрат аст, ки аз онҳо панд гиранд. Банда чун гирифтори мусибатҳои зиёд шуд, бояд сабр варзаду ба сӯи Аллоҳи ягона руҷӯъ намояд ва интизорӣ кашад. Аллоҳи меҳрубон ӯро мисли Аюб (а) ба ивази сабру дуъоҳояш аз мусибатҳо раҳо менамояд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «