Тафсири Сураи Сод Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 44
وَخُذْ بِيَدِكَ ضِغْثًا فَٱضْرِب بِّهِۦ وَلَا تَحْنَثْ ۗ إِنَّا وَجَدْنَٰهُ صَابِرًا ۚ نِّعْمَ ٱلْعَبْدُ ۖ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٌ ٤٤
Ва хуз би ядика Зиғсан фаЗриб биҳӣ ва ла таҳнас. Инна ваҷаднаҳу собиро. Ниъма-л ъабду иннаҳу авваб. 44.
44. Ва (гуфтем): «Дастаи шохҳоро ба худ бигир, пас, ба он (зани худро) бизан ва ҳонис машав. Ҳаройина, Мо ӯ (Аюбр)-ро сабркунанда ёфтем, (Аюб) бандаи нек аст, ба дурустӣ ки ӯ бисёр руҷӯъкунанда аст.
Дар тафсири ин оят сабаби сад чӯб задани Аюб (а)-ро муфассирони киром чунин ривоят кардаанд, ки завҷаи Аюб (а), ки Раҳима ном дош, бо ӯ бисёр меҳрубон буд. Дар ҳоле ки Аюб (а) ба бемории сахт гирифтор буд, аз дилу ҷон ӯро бемордорӣ мекард ва хизматашро ба ҷо меовард ва ҳамеша ба ёриаш мешитофт. Чун беморӣ тӯл кашид, шайтон зани ӯро васваса андохт, то аз шавҳараш безорӣ биҷӯяд. Яъне шайтон ба ӯ гуфт: «То кай ба ҳама ин заҳмат сабр мекунӣ?» ва ғайра… Пас Раҳима ба назди шавҳари худ омад ва ба заҷр гуфт: «Ин бало то кай идома мекунад?». Ҳазрат (а) аз дидани муомила ва шунидани чунин сухан сахт андӯҳгин шуда гуфт: «Агар Аллоҳтаъоло ба ман шифо арзонӣ фармояду ба по бихезам, туро 100 тозиёна бизанам». Чун Аюб (а) ба изни Офаридгори банданавоз аз беморӣ шифо ёфту тандуруст шуд, хост савганди худро дуруст гардонад. Дар ин асно Аллоҳтаъоло ба ӯ (а) меҳрубонӣ намуда гуфт, ки дафъи Қасам ба дасти худ сад навда (шохча) гир ва ба зани худ як бор бизан, то ба ин васила ба савганди худ хилоф накарда бошӣ. Таъкид: Чунин роҳи дафъи Қасам хос барои ҳазрати Аюб (а) иҷоза аст, на барои дигарон! Хулоса, бо ин роҳ Аюб (а) савганди худро нашикасту амри Аллоҳро иҷро намуд.
Дар давоми оят Аллоҳтаъоло мефармояд, ки мо бандаи Худ Аюб (а)-ро ба балоҳо озмудем, ӯро дар мушкилиҳо собир ёфтем. Чӣ хуб банда аст барои Мо Аюб (а), ки ӯ ба даргоҳи Мо бисёр руҷӯъкунанда, афзун тавбакунандаву ибодаткунанда аст.
Аллоҳтаъоло кушоиши кору рӯзу соати рафъи мушкилеро биёрад, бо роҳи писандида бандаи муқарраби даргоҳашро неъмати муносиб мебахшад. Хушо ба ҳоли бандае, ки Аллоҳтаъоло ӯро дар Қуръони маҷид чунин бандаи нек ва сабркунанда зикр кардааст.
Ин ҷо Қиссаи Аюб (а) ба таври мухтасар барои хонандагони мухлис ба охир расид ва дунболи он Қиссаҳо аз рӯзгори ҳазрати Иброҳим (а) ва Исҳоқ (а) ва дигар пайғамбарон бо оятҳои зерин, иншоаллоҳ, баён мегарданд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «