Сураи Сод Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 52

۞ وَعِنۡدَهُمۡ قٰصِرٰتُ الطَّرۡفِ اَتۡرَابٌ ٥٢

۞ Ва ъиндаҳум Қосироту-т-тарфи атроб. 52.

52. Ва назди онҳо занони ҳаммонанд дар синну солу чашм фурудоранда бошанд.

Аз ояти боло бозгашти хуби мардони роҳи Худо маълум гардид. Яъне Ҷаннати пурнеъмат барои онҳо башорат дода шуд. Илова бар ин, оятҳои мазкур барои чунин шахсон хушхабари дигаре мерасонанд, ки дарвозаҳои Ҷаннати адн (обод) ба рӯйи онҳо кушода буда, интизори Қудуми онҳост. Ҳар касе аз ин зумра мехоҳад вориди он гардад, бе роҳнамо, Қасру кӯшки худро меёбад ва барои кофтану кӯфтани дари он ҳоҷат нест. Малоикаҳое, ки дар хизмати ҷаннатиён Қарор доранд, чун онҳоро мебинанд, хушҳол гашта, марҳабо мегӯянд ва салом дода, дарҳоро ба рӯяшон мекушоянд. Онҳо дохили Ҷаннатҳо шуда, ба рӯйи тахтҳои ороиш ва зарандуд шуда такя зада, фароғат мебаранд. Бо роҳати том аз меваҳои болаззату шаробҳои бисёру гуногуни он барои худ мехонанд. Такязанию фароғати онҳо одати подшоҳонро ба хотир орад. Ибни Касир гуфта, ки ҳар вақто ки ҷаннатиён кадом намуди неъматро талаб кунанд, хидматгорони Ҷаннат дар ҳол барояшон ҳозир месозанд.

Барои касоне, ки онҳо бозгашти некӯ доранд, неъмати дигар ин аст, ки занони ҳурулъайн, ки навҷавону шаҳлочашм ва дар синну сол бо ҳам барбаранду ба ҷуз шавҳарони худ ба касе наменигаранд, дар хидмати фараҳбахши ҷаннатиён Қарор доранд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)