Сураи Сод Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 6

وَانْطَلَقَ الۡمَلَاُ مِنۡهُمۡ اَنِ امۡشُوۡا وَاصۡبِرُوۡا عَلٰٓى اٰلِهَتِكُمۡ‌ ‌ۖۚ‌ اِنَّ هٰذَا لَشَىۡءٌ يُّرَادُ ٦

Ванталақа-л-малау минҳум анимшу васбиру ъала алиҳатикум. Инна ҳаза ла шай-уй юрод. 6.

6. Ва ашрофи Қавми онҳо бирафтанд, дар ҳоле ки (бо ҳам мегуфтанд): «Биравед ва бар ибодати маъбудони худ сабр кунед. Батаҳқиқ, ин чизе (дини нав) аст, ки аз шумо хоста шудааст.

Баъди он, ки аз Расули Аллоҳ (с) калимаи тавҳидро шуниданд, ашрофи Қурайш дар ғазаб шуданд. Онҳо ба ҳамдигар гуфтанд, ҳоло дар ибодати маъбудони худ бо сабр бошед, даъвати Муҳаммадро гӯш мадиҳед, ҳоло аз назди ӯ равед, мабодо даъвати ӯ шахсонеро, ки дар равияи мо эътиқодашон заъиф аст, гумроҳ созад. Чунки ӯ дар кори худ ғаразу фитнаи наверо ирода дорад. Акнун шумо дар як ҳолате бошед, ки алайҳи ӯ муқовимат карда тавонед, зеро ӯ мехоҳад, шуморо аз дини бобоҳоятон баргардонда ба дини яктопарастии хеш ҷалб намояд. Ӯ мехоҳад обурӯи худро дар миёни Қавм баланд бардораду соҳиби вазифаю сарвари шумо шавад. Аз ин рӯ, то метавонед аз вай дуру барҳазар бошед! Бо гуфтани чунин суханон аз назди Он ҳазрат (с) (боз ба роҳи ҷаҳолати худ) рафтанд.

Сӯханҳои мушрикон дар оятҳои зер идома дорад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)