Тафсири Сураи Сод Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 7
مَا سَمِعۡنَا بِهٰذَا فِى الۡمِلَّةِ الۡاٰخِرَةِ ۖۚ اِنۡ هٰذَاۤ اِلَّا اخۡتِلَاقٌ ٧
Ма самиъна би ҳаза фи-л-миллати-л-ахирати ин ҳаза иллахтилақ. 7.
7. Мо инро дар дину миллати пасин нашунидем, нест ин магар суханҳои бофташуда».
Мушрикони Макка бо фикри худ равияи падарони гузаштаи худро охирин равияи дуруст дониста, худро тобеу иҷрокунандаи он равия медонистанд. Бинобар ин, вақто ки Расулуллоҳ (с) ононро ба сӯи тавҳид ва эътиқод ба Аллоҳи ягона эълон дошт, ба онҳо хуш наомад. Ба ин хотир далелҳо мебофтанд. Аз ҷумла, мегуфтанд, ки мо аз насрониҳо, ки онҳо дар дин, миллати охиринанд, чунин суханонро нашунидем, онҳо ҳам яктопараст набуда, ҳадди аққал (таслис) се чизро баробар ибодат мекунанд. Ай Муҳаммад, ту чӣ гуна далел дорӣ, ки Аллоҳ ягона аст мегӯӣ? На! Он чӣ ки даъво дорӣ, ҳатто дар дини бобоҳои мо ҳам дида намешавад. Ту дурӯғ мегӯӣ, барои гузаронидани даъвои худ ин сиёсатро пеш гирифтаи ва ҳар гуна суханҳоро мебофӣ.
Хулоса, мушрикони Қурайш суханҳои ба ин монандро бо ҳамдигар гуфта, нақшаҳо кашида тарҳрезӣ мекарданд. Чуноне, ки ояти зер баён мекунад, ҳатто фуруд омадани ваҳйи Илоҳиро бар Набӣ (с) инкор намуданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «