Сураи Сод Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 72

فَاِذَا سَوَّيۡتُهٗ وَنَفَخۡتُ فِيۡهِ مِنۡ رُّوۡحِىۡ فَقَعُوۡا لَهٗ سٰجِدِيۡنَ ٧٢

Фа иза саввайтуҳу ва нафахту фӣҳи ми-р-руҳӣ фақаъу лаҳу саҷидӣн. 72.

72. Пас, чун ӯро росту дуруст кунам ва дар вай рӯҳи Худро бидамам, пас, пеши ӯ саҷдакунон биафтед».

Дар ёд ор ай Муҳаммад (с), вақто ки Парвардигори ту ба фариштагон гуфт, ки ман ба зудӣ, албатта, аз гил инсон Одам (а)-ро халқ мекунам. Чун (ҷисми) ӯро росту дуруст намоям ва аз рӯҳи Худ дар вай бидамам, пас ӯ зинда мегардад, он гоҳ шумо аз рӯи иззату икром ӯро саҷда кунед. Муфассирони киром ҳама иттифоқ бар онанд, ки он саҷда, саҷдаи таҳиёт (салом додан) бар Одам (а) буд на саҷдаи ибодат. Аллоҳтаъоло дар ояти мазкур аз рӯҳи Худ сухан намудааст. Чи будани рӯҳ аз ҷумлаи ғайбиёт буда, барои мо то охир ҳамчу сирри донистанашаванда боқӣ мемонад. Зеро Ӯ таъоло аз илми рӯҳшиносӣ ба мо кам иттилоъ додааст. Рӯҳ мисли ҷасад аз обу гил мураккаб нагардидаст, то ин ки мо онро пурра дониста тавонем.

Иҷрои амри Аллоҳтаъолоро, иншоаллоҳ, дар оятҳои баъдӣ эзоҳ медиҳем:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)