Тафсири Сураи Сод Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 78
وَّاِنَّ عَلَيۡكَ لَعۡنَتِىۡۤ اِلٰى يَوۡمِ الدِّيۡنِ ٧٨
Ва инна ъалайка лаънати ила явми-д-дӣн. 78.
78. Ва батаҳқиқ, лаънати Ман то рӯзи ҷазо бар ту бод!».
Шайтон тамоми ҳурмату кароматеро, ки назди Аллоҳтаъоло дошт, ба сабаби тарки амри Аллоҳтаъоло бохт, дигар лоиқи дар Ҷаннат буданаш намонд. Аллоҳтаъоло барои ронда шудани ӯ амр намуда гуфт, ки баро аз Ҷаннати Ман, ту дигар лоиқи ин даргоҳ нестӣ, то рӯзи Қиёмат ҷазою садои лаънати Ман бар ту боқӣ бимонад! Он азобу уқубате, ки дар рӯзи ҷазо мебинӣ, аз ин рондашудан дида аламовартар хоҳад буд! Иблисе, ки дар биҳишт бо дигар фариштагон суҳбатҳою маҷлисҳо менамуд, акнун ронда шуду то рӯзи Қиёмат бар вай лаънат фиристода мешавад ва он лаънат меафзояд. Он лаънат нисбат ба лаънати рӯзи ҷазо ҳеҷ аст. Зеро Аллоҳтаъоло дар дигар оят Қасам мехӯрад, ки аз ту (шайтон) ва аз шахсоне, ки тобеи туанд, Ҷаҳаннамро пур месозам.
Баъди шунидани ин суханони биму марговар Иблис гуфт:
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «