Сураи Сод Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 79

قَالَ رَبِّ فَاَنۡظِرۡنِىۡۤ اِلٰى يَوۡمِ يُبۡعَثُوۡنَ ٧٩

Қола Рабби фа анзирни ила явми юбъасун. 79.

79. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, пас, маро то рӯзе, ки мурдагон барангехта шаванд, муҳлат бидеҳ».

Шайтон баъди шунидани ин сазои сахт аз ҷиҳати он адовате, ки бо Одам (а)-у зуррияти ӯ дошт, аз Аллоҳтаъоло дархост намуда гуфт, ки ай Парвардигори ман, маро то рӯзи Қиёмат боқӣ гузору мӯҳлат бидеҳ. Яъне шайтон гуфт, ки маро умри дарозу зуррия ато кун, то кори худро ба итмом расонам!

Аллоҳ дархости шайтонро бо тақозои ҳикмати Худ ба ихтиёри ӯ гузошту гуфт:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)