Сураи Сод Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 83

اِلَّا عِبَادَكَ مِنۡهُمُ الۡمُخۡلَصِيۡنَ ٨٣

Илла ъибадака минҳуму-л-мухласӣн. 83.

83. Магар бандагони баргузидаи Туро, ки холисанд».

Шайтони бадбахт вақто донист, ки аз ҷумлаи муҳлатдодагон аст, гуфт, ки маро барои инсон шуда, аз даргоҳи Худ рондӣ, касам ба иззату ҷалоли ту, ки ман то метавонаму ҷон дорам, дар ҳаққи онҳо бадӣ карда, гумроҳашон месозам. Онҳоро бо роҳи худ ба шайтанат андохта, аз Қафои худ мебарам. Магар шахсонеро, ки барои ибодати Худ холис сохтаӣ ва онҳоро аз бадии ман нигоҳ доштаӣ, ман ин тоифаро иғво андохта наметавонам. Он касеро тобеъи худ мегардонам, ки ӯ дар амал холис нест, насиҳати Қуръону пайғамбарро ба ҷо намеорад, барои ризои Аллоҳтаъоло амал намекунад.

Хонандаи мухлис, худ Қазоват кунед, шайтон бо вуҷуде ки шайтон аст, мегӯяд, ки ай Парвардигор, Ту маро халқ кардӣ, ба зоти Ту Қасам, ай Парвардигори ман, то рӯзи охират маро боқӣ гузор, боз иқрор шуда мегӯяд бандагони мухлиси Туро гумроҳу васваса андохта наметавонам. Бо вуҷуде ки ба Аллоҳу сифатҳои Ӯ иқрор аст, як амри Аллоҳтаъолоро ба ҷо наовард, рондаи даргоҳи Илоҳӣ шуд.

Иблис, ки иблис аст, ба гуноҳи худ иқрор аст. Чуноне, ки аз мазмуни оятҳои гузашта пай бурдем, ҳукми Аллоҳтаъолоро, ҷоиз медонад. Аммо шахсоне, ки ба хотири фарзанди Одам (а) будан Қадру эътиборе назди Аллоҳтаъоло доранд, намедонанд ва ҳатто дар хотир ҳам оварда наметавонад, ки ҳангоми офариниши асли онҳо чунин ҳодисаҳо ба вуқуъ омадааст ва ин Қазияро чун Иблис ба эътибор намегиранду тарки амрҳои он Зотеро мекунанд, ки Ӯ Қаҳҳорасту ҳам ҷаббор… Худро кӣ ҳис мекунанд ва ба кӣ худро баробар мекарда бошад?

Оё ин саволҳо посух доранд ё не?


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)