Тафсири Сураи Соффот Ояти 136 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 136
ثُمَّ دَمَّرۡنَا الۡاٰخَرِيۡنَ ١٣٦
Сумма даммарна-л-ахарӣн. 136.
136. Баъд аз он дигаронро аз бех барканда нагунсор кардем.
Аллоҳтаъоло ба расули Худ хабар медиҳад, ки ба ёд биёр, ки Мо аз балое, ки бар сари Қавми Лут (а) омад, Лут (а), авлоди ӯ (а) ва шахсонеро, ки аз ӯ (а) пайравӣ намуда буданд, наҷот додем. Магар пиразане аз ин бало халос наёфт, ки завҷаи ҳазрати Лут (а) буду ба куфр гаравида, ба пайғамбарии шавҳари худ бовар надошт, балки дар сафи муҷримону азобдидагон боқӣ монд.
Ба ҷуз Лут (а), авлод ва тобеъони ӯ (а) дигар ҳамаи онҳоеро, ки даъвати ӯ (а)-ро Қабул накарданд ва ба пандаш гӯш надоданд ва ба расули Худо буданаш имон наоварданд, бо ҳамроҳи ҳамсари он ҳазрат (а) вожгун сохтем.
Ин намуди ҳалоксозӣ бисёр пурдаҳшат аст. Вожгун чаппагардонро гӯянд. Яъне муҷримони Қавми Лут (а) бо деҳаҳояшон аввал ба само бардошта шуда, сипас сарозер ба Замин партофта шуданд. Ҳамчунин болои деҳаҳое, ки сукунат доштанд, бороне аз санги сиҷҷил резонда шуд.
Ин Қисса дар чанд пораҳои тафсиршуда ба тафсил баёни худро ёфта буд, бинобар ин, мо такрори онро инҷо зарур надонистем. Касе пандбардор аст, аз ин маълумоти мухтасар ҳам метавонад манфиати бисёр бардорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «