Тафсири Сураи Соффот Ояти 138 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 138
وَبِالَّيۡلِؕ اَفَلَا تَعۡقِلُوۡنَ ١٣٨
Ва би-л-лайл. А-фа ла таъқилун. 138.
138. Ва ҳангоми шаб низ. Оё дар ёд надоред(-у ақл намекунед?).
Валлоҳу аълам, ин хитоб барои аҳли Макка буда, Аллоҳтаъоло мефармояд, ки эй мардуми ҳақношунави Макка, шумо ҳангоми сафарҳои худ, чи вақти субҳу чи вақти шом, аз назди он шаҳрҳои харобгаштаи Қавми Лут (а) мегузаред ва бо чашмони худ аҳволи онҳоро мушоҳида мекунед. Ба осори ҳалокшудагон назар месозед. Пас, чаро аз он чи мебинед, панд намегиред ва ақлҳои худро кор намефармоед? Магар ин нишонаи бузург барои шумо дарси ибрат шуда наметавонад? Оё шумо боре андеша намекунед, ки онҳо ба чӣ сабаб ба ғазаби Офаридгор гирифтор шуданд? Магар онҳо дар Қудрат аз шумо дида тавонотар набуданд?
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «