Тафсири Сураи Соффот Ояти 141 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 141
فَسَاهَمَ فَكَانَ مِنَ الۡمُدۡحَضِيۡنَۚ ١٤١
Фа саҳама фа кана мина-л-мудҳаЗӣн. 141.
141. Пас, бо аҳли киштӣ Қуръаандозӣ кард, пас, аз мағлубон шуд.
Зимни оятҳои мазкур Аллоҳтаъоло мефармояд, ки эй Муҳаммад (с), аҳволи Юнус (а)-ро ба ёд ор! Чун ӯ (а) аз Қавми худ навмед гардида, дид, ки азоби ваъдашуда бар сари Қавм то ҳол наомад, дар ғазаб шуду бо иҷтиҳоди худ ба тарафи соҳил шитофт. Дар соҳил киштиеро аз мардон пуршуда дид. Ба кишти нишаст, то тарки ин манзил намояд. Чун киштӣ ба ҳаракат даромад, баъди масофаи кӯтоҳеро тай намудан дар ҷои худ давр заду истод ва дигар ба пеш нарафт. Аҳли сафина (маллоҳони киштӣ) ин аҳволро мушоҳида намуда ба чунин хулоса омаданд, ки дар байни онҳо ғуломест, ки аз мавлои (соҳиби) худ гурехтааст ва ба касофати ӯ киштӣ аз рафтан боз истод. Маллоҳон гуфтанд, ки барои аз ин ҳолат наҷот ёфтан Қуръа мепартоем ва Қуръа ба номи касе барояд, мо ӯро барои аз ғарқ наҷот ёфтанамон ба баҳр месупорем.
Хулоса, ҳар гоҳе Қуръа мепартофтанд, он ба номи Юнус (а) мебаромад. Пас, чуноне ки Қаблан тасмим гирифта буданд, ӯро ба баҳр ҳаво доданд (тафсилоти ин Қиссаро аз сураи «Анбиё» хубтар хоҳед ёфт).
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «