Тафсири Сураи Соффот Ояти 150 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 150
اَمۡ خَلَقۡنَا الۡمَلٰٓٮِٕكَةَ اِنَاثًا وَّهُمۡ شٰهِدُوۡنَ ١٥٠
Ам халақна-л-малаиката инаса-в ва ҳум шаҳидун. 150.
150. Ё малоикро ҷинси зан офаридем ва онҳо ҳозир буданд?».
Аз шарҳи оятҳои Қаблӣ аҳвол, мушкилот ва сифатҳои якчанд паёмбарони гузаштаро, ки бо услуби хос дар ин сура баёнгардидаанд, хондему фаҳмидем, ки банда (яъне инсон) ҳар чӣ Қадар муқаррабтари даргоҳи Аллоҳтаъоло бошад ҳам, бе ҳоҷату бе ниёз набуда, балки ба ёрии Ӯ таъоло муҳтоҷ будааст. Акнун бо изни Аллоҳтаъоло дар бораи фариштагон ҳарф бизанем, ки мардум дар боби онҳо чӣ ақида доранд. Баъзе аз Қабилаҳои араб чунин ақида доштанду (наъузу биллоҳ) мегуфтанд, ки фариштагон духтарони Аллоҳанд. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) дар оятҳои мазкур мефармояд, ки аз ин мушрикони Макка бо як оҳанги дилкӯбкунанда бипурс, ки чӣ санаду далел доранд, ки мегӯянд, ки фариштагон духтарони Аллоҳанд? Фаразан, агар ҳамин тавр бошад, бигӯянд, ки модарони ин фариштагон кист? Охир аз куҷо донистаанд ва ин ёваро аз чӣ боис бофтаанд, ки Аллоҳ барои худ духтаронро ихтиёр намудааст, на писаронро? Оё худи онҳо нестанд, ки будани духтарро дар оилаи Худ нангу ор медонанд? Пас, чаро духтаронро ба Аллоҳ ихтиёр мекунанду писаронро ба худ? Агар рафту дуруст бошад (ҳол он ки ин ақида билкул ботил ва дурӯғи маҳз аст), пас чаро ин тақсимоти онҳо ноодилона сурат гирифтааст? Онҳо аз куҷо медонанд, ки фариштагон аз ҷинси занонанд?
Сарзаниши дигар: оё дар вақти офаридани фариштагон онҳо он ҷо ҳозир буданду назорат мекарданд, ки мо чӣ хел онҳоро халқ мекардем?
Лоҳавла ва ло Қуввата илло биллоҳ, ва наъузу биллоҳ, аз чунин бӯҳтону аз чунин ақида. Албатта, рондани чунин суханҳо аз интиҳои ҷаҳолату мушрикии онҳо хабардиҳандааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «