Тафсири Сураи Соффот Ояти 152 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 152
وَلَدَ اللّٰهُۙ وَاِنَّهُمۡ لَـكٰذِبُوۡنَ ١٥٢
Валадаллоҳу ва иннаҳум ла казибун. 152.
152. «Аллоҳ фарзанд зоид» ва батаҳқиқ, онҳо дурӯғ мегӯянд.
Ай Муҳаммад (с), огоҳ бош ва ай мардум, огоҳ бошед! Вақто ки мушрикон чунин суханонро аз бофтаҳои худ мегуянд, ин шаръану ақлан бӯҳтон аст. Мегӯянд, ки Аллоҳ фарзанд зодаасту фариштагон духтарони Аллоҳанд. Дар ҳақиқат онҳо дар суханҳои худ дурӯғгӯй ҳастанд. Ин суханҳо дар шаъни Аллоҳтаъоло бӯҳтон аст. Зеро Аллоҳтаъоло Зотест «Лам ялид ва лам юлад». Яъне на Ӯ зод касеро ва Ӯро касе ҳам назодааст.
Саволҳои дилкӯбкунанда барои мушрикон бо оятҳои зер идома дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «