Тафсири Сураи Соффот Ояти 157 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 157
فَاۡتُوۡا بِكِتٰبِكُمۡ اِنۡ كُنۡتُمۡ صٰدِقِيۡنَ ١٥٧
Фаъту би китабикум ин кунтум содиқӣн. 157.
157. Пас, агар ростгӯён ҳастед, китоби худро биёред!
Оё барои чунин ақидаронии худ ягон ҳуҷҷати ошкор доред? Оё дар ин боб шуморо китобе ҳасту аз рӯйи он сухан мекунед? Агар чунин китобро соҳиб бошеду ин суханон дар он дарҷ шуда бошанд, пас биёред, то ҳақиқатро ҳама бифаҳманд! Маълум аст, ки дар дасти шумо на чунин китобасту на ягон ҳуҷҷат. Зоҳир шуд, ки суханҳои шумо ба ақли солим ҳеҷ иртиботе надоранд. Ҳарчӣ шумо мегӯед, аз худ мегӯед, он ҷуз дурӯғу бӯҳтон чизи дигаре нест.
Мурод аз овардани ин оятҳо оҷиз гардонидани мушрикон аст. Онҳо барои саҳеҳ будани даъвояшон на санади ақлӣ, доранду на шаръӣ.
Дигар аз ақидаи аҳмақонаи мушрикон он аст, ки ба фикру ақли худ байни Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ва ҷин сила (хеширо) муқаррар мекунанд. Аз ҷумла фариштагонро фарзанди Аллоҳ медонанд.
Бинобар ин оятҳои зерин аз ин боб, иншоаллоҳ, маълумот медиҳанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «