Сураи Соффот Ояти 158 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Соффот Ояти 158 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Соффот Ояти 158

وَجَعَلُوۡا بَيۡنَهٗ وَبَيۡنَ الۡجِنَّةِ نَسَبًا ؕ‌ وَلَقَدۡ عَلِمَتِ الۡجِنَّةُ اِنَّهُمۡ لَمُحۡضَرُوۡنَۙ‏ ١٥٨

Ва ҷаъалу байнаҳу ва байна-л-ҷиннати насаба. Ва лақад ъалимати-л-ҷиннату иннаҳум ла муҳЗарун. 158.

158. Ва миёни ҷинҳо (ва Худо) хеширо муқаррар кардаанд ва батаҳқиқ, ҷинҳо донистанд, ки албатта онҳо (ба азоб) ҳозир карда мешаванд.

Аз мазмуни оятҳои гузашта маълум гашт, ки мушрикон мувофиқ ба ақидаи фосиди хеш фариштагонро духтарони Аллоҳ гуфтанд. Дар давоми ақидаи фосидашон мегӯянд, ки байни Аллоҳ ва ҷинҳо насабият хешутаборӣ барқарор аст. Ин бадбахтон то ҷое ҷуръат кардаанд, ки наъузубиллоҳ мегӯянд: «Аллоҳ бо ҷин никоҳ шудаасту фариштагон аз онҳо ба дунё омадаанд». Ҳол он ки баъзе ҷинҳо барои (аз амри Аллоҳтаъоло) нофармонбардорияшон ба хубӣ медонанд, ки ба азоб ҳозир карда хоҳанд шуд. Аз мушрикон пурсида мешавад, ки агар рафту ба гуфти шумо ҷинҳо хешу табори Аллоҳтаъоло бошанд, пас ӯ Зоти пок ақрабои худро барои нофармонбардорияшон ба сахттарин азоб гирифтор месозад? Чунин ақидаронӣ билкул хато ва гуноҳи афвнопазир аст. Зеро Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ояти баъдӣ фармудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Соффот Ояти 157 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот Ояти 159 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)