Сураи Соффот Ояти 177 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Соффот Ояти 177 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Соффот Ояти 177

فَاِذَا نَزَلَ بِسَاحَتِهِمۡ فَسَآءَ صَبَاحُ الۡمُنۡذَرِيۡنَ ١٧٧

Фа иза назала би саҳатиҳим фа саа сабаҳу-л-мунзарӣн. 177.

177. Пас, чун ба майдони онҳо азоб фуруд ояд, пас, субҳи тарсонидашудагон чӣ субҳи бад бошад!

Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло мефармояд, ки ай мушрикон, азоби ваъдашударо дур аз ақлу номумкин нашуморед, бояд бидонед, ки азоби ваъдашуда мисли душмани ҳангоми субҳ дар каминистода аст. Чун субҳгоҳон бар сари шумо ҳуҷум орад, он субҳ барои шумо бисёр субҳи бесаранҷомкунандаи бад буда, тоқату бардошти онро нахоҳед дошт!

Муфассирон калимаи «сабоҳ»-ро чунин маъно додаанд: «Душманони дар каминбуда то ҳарифи худро дар ғафлатзадагӣ ёбанду пирӯзии худро таъмин созанд, субҳро вақти мувофиқ медонанд. Агар бар сари инкоркунандагон азоби Илоҳӣ ногаҳон дар вақти субҳ нозил шавад, аз дасти мушрикон дигар чӣ кор меояд? Ҳоло бошад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Соффот Ояти 176 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот Ояти 178 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)