Тафсири Сураи Тагобун Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
يُسَبِّحُ لِلّٰهِ مَا فِى السَّمٰوٰتِ وَمَا فِى الۡاَرۡضِۚ لَهُ الۡمُلۡكُ وَلَهُ الۡحَمۡدُۖ وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ قَدِيۡرٌ ١
Юсаббиҳу лиллаҳи ма фи-с-самавати ва ма фи-л арЗи лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва Ҳува ъала кулли шай-ин қадӣр. 1.
1. Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар Замин аст, Аллоҳро ба некӣ ёд мекунад. Мар Ӯрост подшоҳӣ ва Ӯрост ситоиш ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност.
Ҳама он чи дар Замин ва осмонҳост, Худованди якторо ба покӣ ёд мекунанд, ва шукри Ӯро ба ҷо меоранд, зеро Ӯ таъоло соҳиби Замину Осмонҳо ва он чи дар онҳо ва ончи байни онҳост. Бе шубҳа, фақат Аллоҳтаъоло мустаҳиққи ҳамду сано ва шукр аст.
Чаро набошад? Охир Ӯтаъоло подшоҳу мураббии оламиён, соҳиби неъматҳо ва атокунандаи ризқи махлуқот аст. Худоест ба ҳама кор қодиру тавоно, ягонаву беҳамто. Танҳо Ӯтаъоло хоҳад касеро фақир, касеро хору залил, касеро соҳиби мол ва касеро дорандаи ҷоҳу ҷалол мегардонад.
Чун ба шудани коре ирода кунад, ба он амр намояд, ки “Бош!” Пас, он кор дар ҳол арзи ҳастӣ мекунад. Мо Холиқи худро ягонаю тавоно бе мислу монанд, Раҳмону Раҳим ва ба ҷумлаи исмҳо ва сифатҳояш ситоиш мекунем, ва ҳеҷ чизеро аз Аллоҳтаъоло болотар ба покӣ ёд, ва ба таъриф зиёд намекунем!
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «