Тафсири Сураи Тагобун Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 2
هُوَ الَّذِىۡ خَلَقَكُمۡ فَمِنۡكُمۡ كَافِرٌ وَّمِنۡكُمۡ مُّؤۡمِنٌؕ وَاللّٰهُ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ بَصِيۡرٌ ٢
Ҳува-л-лазӣ халақакум фа минкум кафиру-в ва минкум муъмин. Валлоҳу би ма таъмалуна басӣр. 2.
2. Ӯст Зоте ки шуморо офарид. Пас, баъзе аз шумо кофир ва баъзе аз шумо муъминед. Ва Худованд ба он чӣ мекунед, бино аст.
Зимни ояти мазкур Худованд яке аз сифатҳои худро баён намуда фармудааст, Ӯ таъоло зотест, ки шуморо дар беҳтарин сурат офарид, пас бар ҳама воҷибаст, ки танҳо ба Ӯ таъоло имон биёранд, аммо баъзе аз инсонҳо ба Ӯ таъоло имон наоварда кофир гаштанд ва баъзе ҳастии Ӯ таъоло ва ягонаги Ӯ таъоло тасдиқ карда, имон оварданд.
Аллоҳтаъоло дар ҳар як банда фаросоту истеъдоди пазируфтани куфру имонро додааст. Дар замоне, ки арвоҳи инсонҳоро офарид, онҳо аз ду тарафи Одам (а) саф кашиданд, аз онҳо пурсида буд: “Оё Ман Парвардигори шумоён нестам?”. Рӯҳҳои мо гуфтанд: “Бало!” Яъне, Ту Парвардигори мо ҳастӣ. Аз ин хотир, инсон бо ҳамон имони фитрӣ ба дунё меояд. Баъзеҳо ба ҳамон имони фитрии худ боқӣ монда, онро давом медиҳанд, вале баъзеҳо бо сабабҳои гуногун имони фитриро тарк намуда, кофир гаштаанд. Аз ин ду Аллоҳтаъоло бохабар аст бо илми худ медонад, ки ҳар инсон бо иродаву хоҳиши худ кадом роҳро ихтиёр мекунад.
Дар натиҷа банда бо иродаи Аллоҳтаъоло мувофиқи амалҳои худ сазову ҷазо мегирад. Ба Ӯ таъоло ҳеҷ чизе аз амалҳои бандагон махфӣ ва пӯшида намемонад. Нишонаҳои қудрати Худ ва далоили ваҳдонияти Худро Аллоҳтаъоло дар ояти зер баён кардааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «