Сураи Таҳрим Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тахрим Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Таҳрим Ояти 8

يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا تُوۡبُوۡۤا اِلَى اللّٰهِ تَوۡبَةً نَّصُوۡحًا ؕ عَسٰى رَبُّكُمۡ اَنۡ يُّكَفِّرَ عَنۡكُمۡ سَيِّاٰتِكُمۡ وَيُدۡخِلَـكُمۡ جَنّٰتٍ تَجۡرِىۡ مِنۡ تَحۡتِهَا الۡاَنۡهٰرُ يَوۡمَ لَا يُخۡزِى اللّٰهُ النَّبِىَّ وَالَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا مَعَهٗ‌ ۚ نُوۡرُهُمۡ يَسۡعٰى بَيۡنَ اَيۡدِيۡهِمۡ وَبِاَيۡمَانِهِمۡ يَقُوۡلُوۡنَ رَبَّنَاۤ اَتۡمِمۡ لَـنَا نُوۡرَنَا وَاغۡفِرۡ لَـنَا‌ ۚ اِنَّكَ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ قَدِيۡرٌ ٨

Йа айюҳа-л-лазӣна аману тубу илаллоҳи тавбатан-н-насуҳан ъаса Раббукум ан-юкаффира ъанкум саййиатикум ва юдхилакум ҷаннатин таҷрӣ мин таҳтиҳа-л-анҳару явма ла юхзиллаҳу-н набийя ва-л-лазӣна аману маъаҳ. Нуруҳум ясъа байна айдӣҳим ва би айманиҳим яқулуна Раббана атмим лана нурана вағфир лана. Иннака ъала кулли шай-ин қадӣр. 8.

8. Эй касоне, ки имон овардаед, ба сӯйи Аллоҳ тавбаи холис кунед. Умед аст, ки Парвардигор гуноҳони шуморо аз шумо дур кунад ва шуморо ба бӯстонҳое ворид созад, ки зери (қасрҳои) онҳо пайваста ҷӯйҳо мераванд. Дар рӯзе ки Аллоҳ Пайғамбар ва ононеро, ки ҳамроҳи ӯ имон овардаанд, расво намекунад, нури онҳо пеши рӯйи онҳо ва аз тарафи росташон мешитобад, онҳо мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, барои мо нурамонро тамом деҳ ва моро биёмурз. Албатта, Ту бар ҳар чиз тавоноӣ!»

Худованди таборак ва таъоло дар ин оят фармудааст, ки эй имон овардагон, тавба кунед назди Парвардигори худ тавбаи содиқона ва холисона, чун шири аз пистон хориҷшуда, ки ба он барнамегардад. Шумо низ бори дигар ба сӯй гуноҳ боз нагардед! Бошад, ки Аллоҳтаъоло гуноҳони шуморо биёмурзад, ва шуморо дохили Биҳишти анбарсиришт соҳиби ҷӯйҳо бигардонад.

Охират чунин рӯз ҳам дорад, ки Худованд набии Худ (с) ва тобиъони ӯ (с)-ро, ки муъминонанд, назди кофирон хору шарманда намесозад, балки онҳоро иззату икром менамояд. Он рӯз рӯзест, ки нури ҷамоъаи муъминон барои аз пули Сирот гузаштани онҳо аз росту чап ва аз пешу қафо мисли моҳи шаби чаҳордаҳум рӯшноӣ диҳад. Дар он асно муъминон бинобар одате, ки дар дунё доштанд, дуо намоянд, ки Парвардигоро, комилу пурра ва давомнок гардон бар мо ин нурро ва нагузор, ки дар зулмоти рӯзи маҳшар, роҳгум занем. Худовандо, афв намо гуноҳони моро ва хат бикаш бар болои ҷурму нуқсони мо. Зеро Ту бар кулли шайъ қодиру тавоно ҳастӣ!.

Муъминон бар ин дуъо овораву андармон гашта ба ҷаннат ворид шаванд. Худовандо аз ин рӯзи пурсаодат моро бонасиб бигардон. Омин!

Мавъиза:

Дар рӯзи қиёмат ба ғайри муъминон дигарон дар зулмоту торикӣ мемонанд. Чуноне дар боло ишора рафт, онҳоро нур раҳнамоӣ мекунад ва дар роҳ рафтан душворӣ намекашанд. Имом аҳмад ибни Ҳанбал ин ҳадисро ривоят кардааст, ки Расули Худо (с) дуо намуда гуфтанд: “Парвардигоро, дар рӯзи қиёмат моро шарманда макун!”.

Ва ҳадисе, ки шарҳи маънои ҳамин ояти каримаро тақвият медиҳад, аз Расули Худо (с) Муҳаммад ибни Наср, Марвазӣ, Абӯдардо ва Абӯзари Ғифорӣ ривоят кардаанд, ин аст, Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Дар рӯзи қиёмат аввалин шахсеро, ки амр ба саҷда мешавад, манам. Сарамро бардошта, ба пеш назар мекунам, умматамро дар миёни дигарон мешиносам, ба росту чап назар мекунам уммати худро мешиносам”. Касе аз минёни ҳозирин пурсид: “Эй Расули Худо, дар миёни дигарон уммати худро чӣ гуна мешиносӣ?” Он зоти бобаракат (с) гуфт: “Ба он таҳорат ва саҷдае, ки муъминон мекунанд, ҷойҳои саҷдаашон, яъне пешонӣ, кафҳои даст, зонуҳояшон ва пойҳояшон медурахшанд. Аз ин нур онҳоро мешиносам, зеро дигар умматон ин гуна нестанд. Ва ҳам аз он нуре, ки онҳоро раҳнамоӣ хоҳад кард, онҳоро бишиносам”. Он гоҳ ёрон дуо намуданд, ки Худовандо, моро аз зумраи бандагони ботаҳорату босаҷдаву боимон бигардон ва аз инчунин нур моро бонасиб бисоз, то Пайғамбари азизамон моро бишиносад.

Мо низ хонандаи мухлисам дуо мекунем, ки аз ин гурӯҳи саодатманд бошем. Омин.


Рӯйхати оятҳои Сураи Таҳрим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Таҳрим Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Таҳрим Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)